Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 985
    02.11.2021
    1 ноябр дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи...

    Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазго ба кори худ расман оғоз намуд

    1 ноябр дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим расман кушода шуд.

    Дар рафти гуфтушунид дар Глазго мамлакатхо рафти иҷрои масъалаҳои асосии созишномаи Париж, инчунин ташаббусҳои нави мамлакатҳо оид ба кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфераро мавриди мухокима қарор медиҳанд.

    Дар ин рӯз, инчунин маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори “5 кишвар, 1 минтақа, 1 овоз” баргузор шуд. Дар ин Намоишгоҳ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла тадбирҳои тарафӣ, мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба нақша гирифта шудаанд.

    Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи COP 26, ки аз 1 то 12 ноябр баргузор мегардад, ҳайати бонуфузи расмӣ намояндагӣ мекунад. Дар ин чорабинии сатҳи баландии байналмилалӣ аз ҷониби  роҳбарон ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохторҳои марбута дар доираи ҳамоишҳои пешбинишуда як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.