Ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар
Ҳафтаи равон аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ба миқдори 130 бех нихолҳои ҳамешасабзу ороишии навъи арча шинонида шуда, нигоҳубини онҳо ба масъулини ҷамоатҳои деҳоти Чоргултеппа ва Лоҳур вобаста карда шуд.
Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар сабзу хуррамгардонии ҳудуди ноҳияи мазкур ҳамкориро бо дигар ташкилоту муассисаҳои маҳаллӣ пурзӯр намуда истодааст.