Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 14 сентябр дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шахри Бӯстон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он собиқадорони соҳа, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Бо суханони табрикотӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баромад намуда, оид ба дастовардҳои мақомот дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар кайд намуд. Дар рафти маҷлиси тантанавӣ як қатор кормандони собиқадор ва фаъолони соҳа қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин ба як қатор рӯзноманигорон, ки ғолибони озмуни ҷумхуриявӣ дар мавзӯи «30 соли Истиқлолияти давлатӣ – қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» гардида буданд бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.