Сар додани 10 адад парандаи нодири шоҳин дар мавзеи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи 15 августи соли ҷорӣ шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Парваришгоҳи ҳайвоноти нодир» бо мақсади дар ҷумҳурӣ зиёд намудани парандагону ҳайвоноти нодир ба миқдори 10 адад парандаи нодири шоҳин дар мавзеи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ сар дода шуд.
Ин намуди парандаи нодир, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудааст, дар ҶДММ «Парваришгоҳи ҳайвоноти нодир» парвариш меёфтанд. Иқдоми мазкур, ҷиҳати дар мавзеи доманакуҳҳои мавзеи Эсанбой сар додани ин намуди паранда, дар асоси хулосаи олимони Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амалӣ гаштааст.
Масъулони сохторҳои дахлдор дар мусоҳиба бо намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз намуданд, ки ҳамкориҳо дар самти ҳифз ва афзоиши ҳайвоноту парандагони нодир бо шарикони рушд зич ба роҳ монда шуда, дар оянда боз ҳам тавсеа дода мешавад.