Аёдати собиқадори соҳа бахшида ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳукми анъана даромадааст. Ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадори соҳа, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаааст – Кузиев Темурчон аёдат карда шуда, ба ӯ кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам роҳандозӣ мегардад. |
|
|