Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1027
    08.09.2021
    Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо...

    Рафти баргузории аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Шаҳритус

    Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳудуди ноҳияи мазкур аксияҳои экологии “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ”-ро ташкил ва баргузор намуда истодааст.

              Аксияҳои навбатии зикргардида дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ва Ҷура Назарови ноҳияи Шаҳритус ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксияҳои баргузоршуда шафати роҳи мошингузари ҷамоатҳои зикргардида, инчунин гирду атрофи канали обрави маҳали мазкур аз партовҳо ва хасу хошок тоза карда шуда, аз тарафи масъулин дар шафати роҳ шиору овезаҳои таблиғотии ҷашнӣ насб карда шуданд.

               Айни замон чорабиниҳои экологӣ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди ноҳия идома доранд. Чунин иқдомҳои омодагӣ, ки шиори “Истиқбол аз Истиқлол”-ро гирифтааст, ҳамагӣ бо азму иродаи қавӣ талош доранд, то ин Ҷашни бузурги миллӣ дар муҳити тозаву озода ва фазои тантанавӣ таҷлил карда шавад.