Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита
7 сентябр муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон бахшида ба Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матни табрикоти Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷонро қироат намуда, кормандонро ба ин Иди муқаддаси миллӣ табрику таҳният намуд. Дар суханони табрикотӣ қайд гардид, ки имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ, якпорчагии халқи Ватандўсту меҳнатқарини кишвар 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои шоён таҷлил менамоянд. Дар маҷлис махсусан қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил, сарҷамъии миллат ва рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон заҳмати бемисл кашиданд, ки самараи онро имрўз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ чашида истодаанд. |
|
Ҳамзамон гуфта шуд, ки тайи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ, дар баробари соҳаҳои гуногуни мамлакат оид ба самтҳои ҳифзи муҳити зист дастовардҳои зиёде ба даст омаданд, ки барои ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологии аҳолӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат намуданд. Моро мебояд минбаъд низ фаъолияти меҳнатии хуб дошта, дар рушду нумўи Ватани азизамон саҳми назарраси худро гузорем. Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ иштирокдорон бо ифтихору сарфарозӣ кафкубии бардавом намуданд. |