Семинари бозомӯзии навбатӣ дар Кумита
![]() |
27 августи соли равон дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Кумита семинари навбатии бозомӯзӣ дар мавзӯи «Тартиби таҳия, тасдиқ ва иҷрои барномаҳои рушди маҳал» баргузор гардид. Дар рафти бозомӯзӣ сардори шуъбаи назорат ва таҳлили Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ Қосимова Г. С. баромад намуда, мавзӯи мавриди назарро муфассал ба иштирокдорон фаҳмонда дод. Дар қисмати дигари семинар оид ба мавзӯи мазкур саволу ҷавоб сурат гирифта, аз ҷониби маърузакунанда ба саволҳои сершумори кормандон ҷавоби мушаххас дода шуд.
|
|