Дар маҷлиси назоратии Раиси Кумита
30 августи соли ҷорӣ маҷлиси навбатии назоратии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Кумита дар моҳи август ва вазифаҳо барои моҳи сентябр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби муқарраргардида сармуттахассиси Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Эшонов А. оид ба натиҷаҳои фаъолияти самтҳои сохторҳои соҳавӣ бо гузориши таҳлилӣ баромад намуд.
Ҳамзамон, сардорони воҳидҳои сохторӣ оид ба самтҳои фаъолияти марбутаи худ дар моҳи ҳисоботӣ маълумот доданд.
Сипас, аз тарафи раиси Кумита Шерализода Б. А. ҳамаи масъалаҳои дахлдори соҳавӣ, аз ҷумла нокифоя будани самтҳои назоратии баъзе шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, вусъат бахшидани корҳо ҷиҳати истиќболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, ҷиҳати хубтару беҳтар ба роҳ мондани корбарию коргузорӣ ба масъулони иҷро дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифу пешниҳодҳо, вазифагузорӣ ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.