Амалиёти “Ҳавои тоза” даршаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, тибқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 38 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуданд. |
|
|