Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ваҳдат
Санаи 21 августи соли ҷорӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов, деҳаҳои Ҳаёти нав 1 ва 2, Зарнисор, Навбаҳор, Шаҳдбор, Ганҷбор, Ситораи сурх ва Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат аксияҳои экологии «Тозагии маҳал-2021» ва «Тозагии соҳил-2021» баргузор гардид.
Дар рафти баргузории аксияи «Тозагии соҳил» 275 нафар сокинони маҳал фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 5000 метри тулонӣ ҷӯйбору каналҳои байни деҳаҳо ва хоҷагиҳо аз харгуна партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, дар аксияи «Тозагии маҳал» бошад 260 нафар сокинон иштирок намуда, роҳи байни деҳаҳо ва кӯчаву маҳаллаҳоро аз партовҳо тоза намуданд.
Дар аксияҳои мазкур ду адад техникаи боркаш ва як адад техникаи борбардор сафарбар карда шуда, 13 м3 партовҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.