Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
18 августи соли 2021 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зеки Карагол мулоқот кард. Дар рафти мулоқот оид ба Лоиҳаи партовҳои сифрии Туркия, ки таҳти сарпарастии хонум Эмине Эрдуғон, ҳамсари президенти Ҷумҳурии Туркия ба амал бароварда шудааст, мубодилаи афкор сурат гирифт.Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол ба раиси Кумита оид ба рафти иҷрои лоиҳаи «Zero Waste» (партовҳои сифр), ки дар Туркия татбиқ мешавад, иттилоъ дода қайд намуд, ки Ҷумҳурии Туркия кишварҳои дигарро ба ин лоиҳа даъват мекунад. Ҳамчунин, ҷаноби сафир таъкид кард, ки Туркия дар якҷоягӣ бо дигар шарикони байналмилалӣ омода аст дар татбиқи лоиҳаи мавриди назар дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Раиси Кумита омодагии худро ба ҳамроҳ шудан ба ин лоиҳаи болозикр изҳор дошта, ҳамзамон иброз намуд, ки барои омӯзиши лоиҳа гурӯҳи техникӣ таъсис дода мешавад. Мавсуф ҳамчунин ташаббускори роҳандозии лоиҳаи озмоишӣ дар яке аз навоҳии Тоҷикистон хоҳад буд. Ба сафир хабар дода шуд, ки тибқи тартиби дохилӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳа бояд тавассути Кумита ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.