Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 944
    09.08.2021
    Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити…

    Аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Ҳисор

        


    Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни  30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор 7 августи соли равон бо ҷалби кормандони касбу кори гуногун, сокинони ҷамоатҳо, аз ҷумла мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.

    Дар аксияи гузаронидашуда, аз ҷониби иштирокчиён минтақаҳои аҳолинишин, шафати роҳҳо ва ҷӯйҳои обгузар аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд.

    Дар чорабинии гузаронидашуда ба миқдори 3,7 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуд.