Маҷлиси ғайринавбатии назоратии Кумита
4 августи соли ҷорӣ маҷлиси ғайринавбатии назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳо оид ба интизоми меҳнати кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, иҷрои бо сифати мактубҳои назоратӣ, иҷрои супоришҳои қарорҳои ҷаласаи мушовара, барасмиятдарории партовҳои дар шаҳру ноҳияҳо, оид ба пардохтҳои ҳатмии экологӣ, сохтмони паркҳои Ширкент ва Парки миллии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, сифати хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди пешгӯии обу ҳаво ва иҷрои стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид.
Дар рафти маҷлис нисбат ба он кормандоне, ки интизоми меҳнатиашон нохуб ба назар расидааст, ҷазои сарзаниш таъйин карда шуд. Ҷиҳати дар оянда роҳ надодан ба интизоми бади меҳнатӣ ва ба масъалаҳои ҷорӣ ба масъулони иштирокдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.