Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 890
    02.08.2021
    2 августи соли ҷорӣ маҷлиси навбатии назоратии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис…

    Дар маҷлиси навбатии назоратии Кумита

    2 августи соли ҷорӣ маҷлиси навбатии назоратии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис оид ба фаъолияти самтҳои марбутаи зерсохтори Кумита дар моҳи июли соли ҷорӣ аз ҷониби сармутахассиси Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Эшонов Анвар ҳисобот дода шуд. Дар рафти маҷлис сардорони раёсату шаъбаҳо, марказҳо, дигар сохторҳои марбутаи Дастгоҳи марказӣ ва тобеияти он дар шаҳри Душанбе ҳангоми ироаи гузориш, дар ҳузури Раиси Кумита рафти иҷрои супоришҳо ва нақшаҳои амалро баён доштанд. Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон масъалаҳои дар маҷлиси ҳисоботӣ баррасигардидаро натиҷагирӣ карда, оид ба масъалаҳои ҷорӣ ба масъулони иштирокдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар охир, вобаста ба масъалаҳои марбута супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳои дода шуда, зимнан қарори дахлдори маҷлис қабул гардид, ки барои корбарӣ ба масъулони соҳавӣ фиристода мешавад.