Баргузории ҷаласаи дуюми роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе
Рӯзҳои 28 ва 29 июли соли 2021 дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми роҳбарони вазорату идораҳои њифзи муҳити зисти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба тариқи онлайн ва оффлайн баргузор мегардад.Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон раисикунандаи ҷаласаи дуюми роҳбарони вазорату идораҳои муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ мебошад ва муовини раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист Бокиҷонов Исломбек низ дар љаласа ширкат меварзад. Қисми боқимондаи кишварҳои узви СҲШ дар ҷаласаи онлайнӣ иштирок мекунанд.
Бо иқдоми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тақрибан ду даҳсола аст, ки раисии ҷаласаҳои он ҳар сол аз як кишвар ба кишвари дигар мегузарад. Моҳи ноябри соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати СҲШ-ро ба даст гирифт ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси СҲШ интихоб шуданд. Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи мулоқоти дурӯза иқтисодиёти «сабз», соҳаи технологияҳои пешрафтаи экологӣ, манбаъҳои барқароршаванда ва тозаи энергия мебошанд.
Зимни суханронии хеш раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз ҷумла иброз дошт, ки «Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи экология барои кишварҳои аъзои СҲШ, алахусус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад. Дар ин замина, бинобар тағйирёбии иқлим ва хушк шудани баҳри Арал, обшавии босуръати пиряхҳо, норасоии захираҳои об, биёбоншавӣ, хушксолӣ, шӯршавӣ ва таназзули хок, бад шудани сифати ҳаво, аз байн рафтани баъзе намудҳои олами наботот ва ҳайвонот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки маркази таваљљуњи СҲШ мебошанд, ба назар мерасад».
Дар тӯли фаъолияти СҲШ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист иқтидори назарраси ҳамкорӣ дар ин самт ташаккул ёфт. Соҳаи экологӣ дар рӯзномаи Созмон ҷойгоҳи муҳимтар мегирад ва кишварҳои узви СҲШ омодаанд, ки дар ин самт ҳамкориҳои минбаъдаи пурсамарро барқарор кунанд. Дар асоси аҳамияти масъалаҳои экологӣ барои ноил шудан ба рушди устувор, Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ ҳамчун кафили рушд фаъолона мусоидат намуда, дар масъалаҳои сулҳи пойдор, субот ва амнияти минтақа талош менамояд.