4-УМИН КОНФРОНСИ ИҚЛИМӢ ДАР ДУШАНБЕ
Санаи 26-27 июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Хаятт Реҷенси Душанбе” бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди   Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ / ICMFSA «Барномаи мутобиқшавӣ ва коҳиш додани тағирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал» (CAMP4ASB) Конфронси чоруми иқлимии Осиёи Марказӣ (CACCC-2021) ва бо иштироки мутахассисону коршиносони ташкилоту идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналхалқиву ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО -и кишварҳои Осиёи Марказӣ (дар маҷмуъ 300 нафар иштирокчиён) баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии кори конфронс Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, директори филиали Тоҷикистонии Фонди наҷоти баҳри Арал Раҳимзода Султон, директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) ва чанде аз роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд. Зимни суханронии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии оҷикистон Шерализода Баҳодур изҳори умедворӣ карда шуд, ки масъалаҳои дар конфронс баррасигардида барои ҷўстани роҳҳои ҳалли мушкилот, алалхусус нисбати пайёмадҳои тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Коршиносону мутахассисон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу муассисаҳои илмӣ дар давоми рӯз доир ба чунин мавзӯҳои калидӣ, аз ҷумла, масъалаҳои “Сиёсати иқлимӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ”, “Маблағгузории иқлимӣ: имконият ва дурнамо дар Осиёи Марказӣ”, “Таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати табиии флора ва фаунаи экосистемаҳои табиӣ ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим”, “Омодагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба конфронси тарафҳо (UNFCCC COP-26)”, “Баҳогузории хатарҳои иқлимӣ, осебпазирӣ ва банақшагирии чораҳои мутобиқшавӣ дар мисоли Осиёи Марказӣ” табодули афкор анҷом доданд. Мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар сессияҳои мавзӯӣ иштироки фаъолона доштанд. Ҳамзамон дар баррасии мавзӯҳои баррасигардида иштирокчиён аз кишварҳои дигари хориҷӣ ба тариқи онлайн иштирок намуданд.
Дар доираи кори конфронс вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи баланд баргузор гардида, таҷрибаи 20-солаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва дурнамои ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон 4-умин вохӯрии намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва парлумони кишварҳо оид ба баррасии масъалаи тағйирёбии иқлим баргузор шуд.