Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 990
    14 июли соли равон вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо хонум…

    Вохӯрии Раиси Кумита бо намояндаи доимии БРСММ

    14 июли соли равон вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо хонум Пратибха Мехта намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар вохӯри масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои БРСММ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалишавии лоиҳаҳо, иштироки ҳайати ҷумҳурӣ ва омодагӣ ба баргузории Конфронси тағйирёбии иқлим СОР 26, ки баргузории он аз 1 то 12 ноябри соли 2021 дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир дар назар аст, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

    Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумита Шерализода Баҳодур ва хонум Пратибха Мехта лоиҳаи “Таҳияи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон”-ро, ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ мешавад, ба имзо расониданд.

    Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ин таҳияи механизмҳои институтсионалӣ барои татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то давраи соли 2030 мебошад.

    Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.