| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Tаъсиси Кумита.
    Tаъсиси Кумита.

    Соли 1988 Қарори Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат ба имзо расид. То аввалҳои солҳои навадум давраи ташаккулёбии Кумита ба ҳисоб меравад.

    Сохтори Кумита.
    Сохтори Кумита.

    Кумита аз раёсату бозрасиҳо иборат буд: Раёсати асосии истифодабарии табиат; Раёсати асосии прогресси илмӣ-техникӣ; Маркази ҷумҳуриявии худидоракунии илмӣ-истеҳсолӣ ва Маркази иттилоотии "Табиат"; Бозрасии махсуси давлатӣ дар самти истифодабарии олами набототу ҳайвонот; Бозрасии махсуси давлатӣ дар самти ҳифз ва истифодабарии замин;

    Шӯрои илми-техникӣ.
    Шӯрои илми-техникӣ.

    Дар аввали солҳои навадуми асри ХХ дар назди Кумита Шӯрои илми-техникӣ низ таъсис ёфт, ки он аз Президиум ва аъзоён иборат буд.
    Бо тақозои давр ва дигаргуниҳои куллии рухдода Кумита борҳо табдили ном карда, ҳамзамон дар сохтори он тағйиротҳо ба вуҷуд омаданд. Соли 1992 Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.

    Натиҷаи якҷояшавии мақомот.
    Натиҷаи якҷояшавии мақомот.

    Соли 2004 дар натиҷаи якҷоя шудани ду мақомоти давлатӣ сохтор номи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангалро гирифт. Соли 2006 Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ба Вазорати кишоварзӣ ҳамроҳ карда шуд. Дар ин давра барои ҳамоҳанг сохтани меъёрҳои кишоварзӣ ба талаботи ҳифзи табиат кўшиши фаъол ба харҷ дода шуд ва дар сохтори Вазорати кишоварзӣ Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат арзи вуҷуд дошт.

    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Соли 2008 Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.

    Сохторҳои Кумита.
    Сохторҳои Кумита.

    Бозрасии махсуси давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо; Бозрасии махсуси давлатӣ дар самти ҳавои атмосфера; Бозрасии махсуси давлатӣ дар самти ҳифзи захираҳои об; Шуъбаи ҳифзи захираҳои моҳӣ; Лабораторияи назорати таҳлилӣ; Редаксияи нашрияи “Наврўзи Ватан”. Шуъбаи тоҷикистонии Пажуҳишгоҳи умумиттифоқии илмӣ-тадқиқотии об.




    image

    Мунавваршо Назриев

    Роҳбари аввали мақомоти ҳифзи муҳити зист

    Моҳи августи соли 1989 Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил гардид, ки собиқ Раиси комиҷроияи вилояти Хатлон Мунавваршо Назриев Раиси ин мақомот таъйин шуд.

    Дар давраи роҳбарии М. Назриев тамоми сохтори Кумита ба пуррагӣ барқарор гардид ва сохтмони бинои маъмурии Кумита шурӯъ шуд. Дар ҳамин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» таҳия ва қабул карда шуд.

    Ҳамчунин, Низомномаи Кумита таҳия ва бо Қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

    Соли 1990 дар якҷоягӣ бо Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин конфронси илмӣ-амалӣ оид ба ҳифзи табиат гузаронда шуд.

    Соли 1991 органи чопии Кумита — рӯзномаи «Наврӯзи Ватан» аз чоп баромад.

    Соли 1992 Парки миллӣ ва Парки таърихиву табиии Ширкент таъсис ёфт. Дар ҳамин сол барои таҳия ва пешниҳод кардани Консепсияи ҳифзи Арал ба Ҳукумати шӯравӣ аз ҷониби Тоҷикистон М. Назриев ба узвияти вобастаи Академияи байналмилалӣ пазируфта шуд.




    image

    Сайдулло Хайруллоев

    Роҳбари мақомоти ҳифзи табиат

    Соли 1992 роҳбарии мақомоти ҳифзи табиат ба дӯши Сайдулло Хайруллоев афтод. Бо вуҷуди вазъияти ноороми ҷумҳурӣ барои рушди соҳа корҳои назаррас анҷом дода шуд.

    Яке аз корҳои хотирмони давраи роҳбарии С. Хайруллоев ба воситаи гуфтушунидҳо гирифтани пеши роҳи хуруҷҳои стихиявии экологии ташкилоти ғайридавлатии «Бирлик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки шӯъбаашонро дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Панҷакент ташкил карда буданд ва мақсадашон қатъ намудани фаъолияти корхонаи коркарди тиллои Тоҷик буд. 




    image

    Исмоил Давлатов

    Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Cоли 1994 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исмоил Давлатов Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид ва то июли соли 1997 дар ин мансаб адои вазифа намудааст. Потенсиали кадрии Вазорат дар ҳамин давра то як андоза афзуд.

    Бо як қатор давлатҳои хориҷӣ робитаи судманд бунёд гардид. Таҳияи Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010 дар давраи роҳбарии И. Давлатов ба вуқӯъ пайваст.



    image

    Неъматулло Сафаров

    Вазири ҳифзи табиат

    Аз моҳи августи соли 1997 то октябри соли 1998 доктори илмҳои биологӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Сафаров иҷрокунандаи вазифаи Вазири ҳифзи табиатро ба уҳда доштааст. Дар ин давра Комиссияи кимиёвӣ ташкил гашта, ба фаъолият шурӯъ кард. Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 1998-2008 таҳия ва тасдиқ карда шуд.

    Як қатор қонунҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикори ҳайвонот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ қабул гардиданд.



    image

    Усмонқул Шокиров

    Вазири ҳифзи табиат

    Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 1998, №1075 Усмонқул Шокиров ба сифати Вазири ҳифзи табиат таъин шуда, то соли 2004 дар ин вазифа фаъолият намудаааст. Бо мақсади рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷалби грантҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд.

    Таъсис ёфтани Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ», мамнӯъгоҳи «Зоркӯл», Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, таҳияи стратегия ва нақшаи амал оид ба ҳифзи гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи тағйирёбии иқлим, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ, тасдиқи Протоколи Картахенӣ ба ҳамин давра рост меояд.



    image

    Абдулвоҳид Каримов

    Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи табиат ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004, №1249 «Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ«, Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Абдулвоҳид Каримов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004, №1257 ба ҳайси Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи табиат ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2006 дар ҳамин вазифа фаъолият намуд.



    image

    Абдураҳмон Қодирӣ

    Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ба Вазорати кишоварзӣ ҳамроҳ карда шуд.

    Аз соли 2006 то соли 2008 дар вазифаи Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ фаъолият дошт. Дар ин давра барои ҳамоҳанг сохтани меъёрҳои кишоварзӣ ба талаботи ҳифзи табиат кӯшиши фаъол ба харҷ дода шуд. Мутахассисони Вазорат дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ЮНЕП (Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист) Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устуворро то давраи соли 2030 омода намуданд. Барои таҳияи Китоби Сурх замина гузошта шуд.



    image

    Хурсандқул Зикиров

    Роҳбари Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2008, №428 «Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2008, №135 то 21 январи соли 2011 роҳбарии онро Хурсандқул Зикиров ба уҳда дошт. Яке аз дастовардҳои ин давра қабули Барномаи давлатии экологӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои солҳои 2009-2019 мебошад, ки дар таҳияи он ҳиссаи мутахассисони Кумита назаррас аст.



    image

    Салимов Талбак

    Роҳбари Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2011, №14 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистонро Салимов Талбак таъин гашта, дар ин вазифа то 6 декабри соли 2013 фаъолият кард. Дар ин давра барномаи махсуси корӣ тартиб дода шуда, барои амалӣ намудани он шахсони лаёқатманд ба ҷойҳои озоди корӣ даъват шуданд, тартиби наву замонавии корбарӣ ба роҳ монда шуд. Низомномаҳои раёсату бахшҳо ба Низомномаи Кумита ба талаботи ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист мутобиқ карда шуд.



    image

    Ибодзода Хайрулло

    Роҳбари Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013, № 586 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло таъйин гашт. Дар ин давра як қатор корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ, илмию методӣ, ташкилию сохтории мақомот амалӣ гаштанд, ки барои устувор гаштани мақомот ва баланд бардоштани сатҳу сифати ҳифзи табиат бевосита мусоидат карданд.

    Кумита баҳри иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат дар самти ободонию кабудизоркунӣ, пурзӯр шудани назорати давлатӣ дар истифода ва ҳифзи табиати кишвар тамоми кушиши худро ба харҷ дода, дар ин самт ба як қатор муваффақиятҳо ноил гашт.

    Ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №189 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №162, вобаста ба тасдиқи Низомнома ва сохтори Кумита, тасдиқи Дастурамали коргузорӣ ва дар асоси он ба низом даровардани ҳуҷҷатгузории Кумита, қабули «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»; як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартибу дастурамалҳои пешбурди назорати давлатии истифода ва ҳифзи муҳити зист, сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои алоҳида, партовгоҳҳои заҳрхимикатҳо дар ноҳия Вахш ва ш. Конибодом, таъмини иштироки фаъоли ташкилотҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда дар ин кор, марказҳои омӯзишӣ-методӣ, озмоишгоҳҳо, гузаронидани аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ», таҳия ва Нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарҷума ва чопи ин китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, устувор гаштани ҳамкориҳои муфид бо давлатҳои аъзои ИДМ, ташкилотҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, бехатарии экологӣ, беҳдошти зиндагӣ дар деҳот ва ғайра дар доираи фаъолияти кории Кумита амалӣ гашта, дар самтҳои дигари фаъолияти худ низ мақомоти соҳавӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.



    image

    Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ

    Роҳбари Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2019, №3 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ таъйин гашт.

    Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз моҳи январи соли 2019 то моҳи феврали 2020 вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

    Ӯ қаблан низ дар мақомоти ҳифзи муҳити зист ба сифати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Турсунзода, раиси вилояи Хатлон, узви Маҷлиси миллӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология дар таҳкими қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ва экология, аз ҷумла Кодекси об ва Кодекси экологӣ саҳми бесазо гузоштааст.

    Дар давоми каме аз як соли фаъолияти кориаш ба ҳайси Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ тавонист масъалаҳои устувор гардонидани назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, тозагии муҳити зист, мустаҳкам гаштани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ барои ҷалби маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳа, устувории корбарию интизоми иҷроияи мақомоти соҳавӣ, васеъ истифода намудани ваколатҳои қонунии кормандони соҳа дар ҳифзи табиат, фароҳам овардани шароитҳои хуби кории кормандонро ба сатҳи боз ҳам баланд барорад.