| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    МАЪЛУМОТИ  УМУМИИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ УМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, обуҳавошиносӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ иштирок намуда, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиатро амалӣ месозад.

    ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ КУМИТА

    - пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, идоракунии истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла ҳифзи, ёдгориҳои табиӣ, обуҳавошиносӣ, пешгирии сабабҳои пайдоиши ҳодисаҳои фавқулоддае, ки ба гуногунии биологӣ, ифлоскунандагони устувори органикӣ, тағйирёбии иқлим, муҳити зист таъсири номатлуб мерасонанд.

    - назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, хоҷагиҳои шикорӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хатсайри туристӣ, ҷангалзорҳо, захираҳои обӣ, ҳавои атмосфера, замин ва қаъри он, канданиҳои фоиданоки маъмули умум, муомилот бо моддаҳои химиявӣ ва нуриҳои минералӣ, партовҳо ва маҳсулоти такрористифодашаванда, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ ва биологӣ, сифати сӯзишворӣ, ифлоскунандагони устувори органикӣ ва риояи меъёру стандартҳои экологӣ.

    - муайян намудани самаранокӣ, мутобиқат ва имконпазирии фаъолияти объекти экспертизашаванда ба талаботи экологӣ ва пешгирии оқибатҳои номусоиди таъсиррасонӣ ба муҳити зист, додани хулосаҳои холисона ва асосноки илмӣ.

    - барқарорсозии экосистемаҳо ва намудҳои наботот ва ҳайвоноти нодир, танзим ва рушди туризми экологӣ.

    - ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ, пешгӯӣ ва омӯзиши мунтазами вазъи муҳити зист, обу ҳаво, пиряхҳо, кӯлу обанборҳо, таҳлили пайдоиш ва ҷараёни ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ.

    - гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва омӯзиши масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, захираҳои об, моҳӣ ва тағйирёбии иқлим.

    - таҳия ва мусоидат ҷиҳати амалӣ гардонидани барнома, стратегия ва нақшаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, такмили онҳо.

    - таҳия ва амалисозии чорабиниҳое, ки ба ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи об, ҳудудҳои рекреатсионӣ комплексҳои табиӣ ва иншооти табиии дорои аҳамияти махсуси илмӣ, фарҳангӣ ва рекреатсионӣ нигаронида шудаанд.

    - ҳамоҳангсозӣ ва таъмини иҷрои конвенсия ва шартномаҳо оид ба маъсалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст.

    - тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандон, гузаронидани атестатсия, ҳимояи имтиёзҳои хизматчиёни давлатӣ, андешидани тадбирҳо оид ба такмил ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон.

    - баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори умум.

    Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр
    Пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ, мониторинги давлатии экологӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва механизмҳои иқтисодии истифодабарии табиатро дар Кумита Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ амалӣ менамояд. Барои татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳа барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ таҳия ва бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд.
    Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорат
    Раёсати корҳо яке аз сохторҳои асосӣ ва калидии дастгоҳи марказии Кумита мебошад, ки он самтҳои бақайдгирӣ, назорат ва содироти ҳуҷҷатҳо, кор бо кадрҳо, хизматрасонии ҳуқуқӣ, сохтмони иншоотҳои соҳа ва хоҷагидориро дарбар мегирад. Аз ҷониби Раёсати корҳо ҳар моҳ таҳлили рафти иҷрои Амру Фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактубу дархостҳои вазорату идораҳо, Нақшаи кори Кумита барои нимсола, қарорҳои мушовараи Кумита, протоколҳо ва дигар супоришҳои Раиси Кумита гузаронида шуда, маълумотҳои хаттӣ ба Раиси Кумита пешниҳод мегарданд.
    Раёсати банақшагирӣ, муҳосибот ва молия
    Шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молияи Кумита дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 24 апрели соли 2008, №189 тасдиқ шудааст, таъсис ёфтааст. Шуъба қисми таркиби Кумита буда, фаъолияти пешбурди банақшагирӣ ва ҳисобдории Кумитаро ба танзим медарорад. Шуъба таҳти сарпарастии Раиси Кумита ва дар асоси Низомномаи Кумита ва дастурамалҳои мансабии кормандон фаъолияти худро роҳандози менамояд.
    Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ
    Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот (дар гузашта Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот) дар асоси қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 15 августи соли 1988 таъсис гардид. Барои ба танзим даровардани хариду фурӯш ва истифодабарии навъҳои наботот ва ҳайвоноти нодир, барқарор ва зиёд намудани навъҳо ва саршумори онҳо, инчунин барои ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷӣ ва амалӣ намудани барномаҳои махсус ҷиҳати ҳифз ва рушди гуногунии биологӣ дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам гаштааст ва аз ҷониби Кумита, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии кишвар корҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд.
    Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо
    Барои Тоҷикистон, ки кишвари камзамин аст, яке аз масъалаҳои ҳалталаби экологӣ ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо ба ҳисоб меравад.
    Дар назди Шуъба иҷрои чунин вазифаҳо вогузор шудааст:
    • қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ва назорати иҷрои онҳо;
    • муайян намудани принсипҳои ташкил ва гузаронидани назорати давлатӣ, гузаронидани санҷишҳо дар соҳаи муомилот бо партовҳо;
    • фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок;
    • таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани қоидаҳо ва меъёрҳое, ки тартиби муомилоти бехатарии экологӣ бо партовҳоро муайян ва талаботи бехатарии партовҳо ба муҳити зист ва саломатии инсонро муқаррар менамояд;
    • ташкил намудани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳо, таъмин намудани аҳолӣ ба маълумотҳо дар соҳаи муомилот бо партовҳо; ташкил ва пешбурди феҳристи (кадастри) партовҳо.
    Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об
    Ҳифзи захираҳои оби ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об (дар гузашта Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об) дар асоси қарори Шӯрои Вазирони ҶСС Тоҷикистон аз 15 августи соли 1988, №234 «Дар бораи нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии ҳифзи табиат» таъсис ёфт.
    Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера
    Самти асосии фаъолияти шуъбаро пешбурди назорати давлатӣ, ҷиҳати ба танзим даровардан ва ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ намудани партовҳо ба ҳавои атмосфера, дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт, ташкил медиҳад. Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера (дар гузашта Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера) дар асоси қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 15 августи соли 1988, №234 «Дар бораи нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии ҳифзи табиат» таъсис дода шуда буд.
    Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва кор бо конвенсияҳои экологӣ
    Бахши робитаҳои байналмилалии Кумита бо мақсади ҳамоҳанг сохтани ҳамкориҳои Кумита бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, намояндагии кишварҳои хориҷӣ, Конвенсияҳои СММ дар таъмини риояи меъёрҳои экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи муҳити зист фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст.
    Бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
    Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» бо Қарори собиқ Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи №267 аз 20 июли соли 1992 бо мақсади таъмини устувории мувозинати биологии табиат, ҳифзу нигоҳдории олами ҳайвоноту набототи нодир, экосистемаҳои хоси табиӣ, мониторинги биологӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, рушди туризми экологӣ, кўҳнавардӣ ва амалисозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба таҳлилу баҳодиҳии равандҳои таъсиррасон ба экосистемаҳои табиӣ, собиқ Парки миллии Тоҷикистон (имрўза Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда) таъсис дода шудааст.
    Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
    Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ соли 1988 ҳамчун зерсохтори Кумитаи давлатӣ оид ба муҳофизати табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу суботи комили миллӣ ВМКБ диёрамон рӯз то рӯз боз ҳам зебову обод мегардад. Қомат афрохтани бинои нави раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят шаҳодати ин гуфтаҳост. Раёсат дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Айни ҳол дар Раёсат ва зерсохтори он 43 нафар хизматчиёни давлатӣ кору фаъолият доранд. Тавассути ин воҳидҳои корӣ ва мукаммал гаштани шароити хуби корӣ раёсат захираҳои табиии вилоятро пурра назорат карда истодааст.
    Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон
    Бо мақсади нигоҳдорӣ, ҳифз, парвариш ва афзун намудани олами набототу ҳайвоноти нодири кишвар дар ҳудуди вилояти Хатлон 4 парваришгоҳи табиии давлатӣ, 2 мамнуъгоҳи табиии давлатӣ ва як Парки миллӣ таъсис дода шудааст, ки ҳар кадоми онҳо хусусиятҳои хоси худро доранд ва ба гуруҳи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мебошанд. Яке аз партовгоҳҳои бузурги заҳрхимикатҳо дар ҳудуди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон соли 1970 дар масоҳати 6 га ташкил шуда, дар он то солҳои 1991 ба миқдори зиёда аз 7 ҳазор тонна заҳрхимикатҳои аз истифодабаромада ва манъшуда гӯронида шудааст.
    Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
    Вилояти Суғд бо табиати нотакрор, манбаъҳои сершумори обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, куҳҳои арчазор, чашмаҳои шифобахш ва дигар боигарии табиӣ чун ҷузъи хосаи муҳити зисти кишвар маҳсуб меёбад. Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд охири соли 1988 дар заминаи сохтори Бозрасии ҳавзавии дарёи Сири идораи хоҷагии оби вилояти собиқ Ленинобод (Суғди кунунӣ) таъсис дода шуд.
    Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе
    Шаҳри Душанбе маркази сиёсию фарҳангӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию маънавии мамлакатамон ба ҳисоб меравад ва ҳамчун пойтахти кишвар минтақаҳои ҷумҳуриро бо ҳам мепайвандад, макони чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ, гуфтушунидҳо, вохӯриҳои сатҳи олӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ маъсуб меёбад. Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ҳамчун ниҳоди назоратӣ дар самти иҷроиши қонунгузориҳои ҳифзи муҳити зист дар қаламрави пойтахт фаъолият менамояд.