| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷроияи Фонди Иқлимии Сабз ҷаноби Янник Глемарек

    Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷроияи Фонди Иқлимии Сабз ҷаноби Янник Глемарек

    7 ноябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Директори иҷроияи Фонди Иқлимии Сабз ҷаноби Янник Глемарек мулоқот карданд.

    Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами рӯз, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалӣ ва натиҷаҳои кори Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳидро муҳокима карданд.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷонибаро омили муҳими тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз арзёбӣ намуданд.

    Тоҷикистон тайи 20 соли охир як қатор ташаббусҳои глобалиро оид ба оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо итифоқӣ қабул гардидаст. Ташаббуси навбатии кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад.

    Таъкид гардид, ки айни ҳол бо ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон 5 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур дар соҳаҳои энергетика, татбиқи чораҳои зарурӣ барои пешгирии хатарҳои табиӣ, устувории ҷомеаҳои осебпазири минтақаҳои кӯҳӣ ба паёмадҳои иқлимӣ, маблағгузорӣ дар бахши хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии обуҳавошиносӣ амалӣ мешаванд.

    Дар мулоқот пешниҳод гардид, ки ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

    Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.

    Сарчашма: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    http://www.president.tj/node/29529



    Бозгашт