|
Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳо ба ҳайси боғбон барои қитъаҳои намоишии Лоиҳа
Ташкилот: КҲМЗ/БРСММ
Вазифа: Боғбон – 2 нафар (рӯзҳои пурраи корӣ)
Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538
Соҳаи амалия – Тавсифи кор: Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Муҳлати ниҳоии
пешниҳоди дархост: 23/01/2025 (соати 17:00-и вақти маҳаллӣ)
Навъи шартнома: Шартномаи меҳнатӣ
Маълумоти умумӣ
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо
Боғбон таҳти роҳбарии бевоситаи Менеҷери Лоиҳа дар нигоҳдорӣ ва такмил додани Лоиҳа барои таъмини иҷрои самараноки нигоҳубини боғҳои намоишӣ фаъолият менамояд. Ӯ дар ду марҳила масъулиятҳои зеринро ба ӯҳда мегирад:
Марҳилаи I (зимистон – тобистон):
-нигоҳубини дарахтон ва муборизаи рӯзмарра бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва бемориҳои пайдошаванда, тоза кардани беху буттаҳо аз баргҳою алафҳои бегона ва ғайра;
-муайян кардани усулҳо ва техникаҳои мувофиқи парвариши ниҳолҳо, бо назардошти риояи меъёрҳои экологӣ ва муҳити зист ва истифода бурдани усулҳои мувофиқ ва риояи стандартҳои экологӣ барои парвариши ниҳолҳо.
Марҳилаи II (тобистон – тирамоҳ):
-обёрӣ намудани дарахтон ва буттаҳои шинонидашудаи мавзеъ дар мавсими тобистону тирамоҳ;
-буридану тайёр намудани дарахтон ба мавсими зимистона ва дигар корҳои аз ҷониби маъмурияти Лоиҳа муайян мегардида;
-ҳангоми пайдо гардидани мушкилиҳои техникии ғайричашмдошт оҷилан тавассути Ҳамоҳангсози саҳроӣ огоҳ намудани маъмурияти Лоиҳа барои бартараф намудани онҳо ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани воситаҳои мавҷуда дар мавзеъ.
Салоҳиятҳо
Таҳсилот:
- Маълумоти миёна ва ё техникии соҳавӣ.
Таҷрибаи корӣ:
- Ҳадди ақал 2-3 сол таҷрибаи дахлдори боғбонӣ/кишоварзӣ ва ё деҳқонӣ дар мавзеъи ҷойгиршавии қитъаҳои намоишии Лоиҳа.
- Таҷрибаи қаблии собитшудаи амалӣ дар самти кишоварзӣ.
- Қобилияти истифода бурдани асбобҳо ва таҷҳизотҳои боғдорӣ.
Дигар талаботҳо:
- Боғбон бояд ҳисоботҳои хаттӣ ва ё аксиро оиди корҳои анҷомдодашуда мувофиқи ҷадвал (1 маротиба дар 2 ҳафта) ба Ҳамоҳангсози саҳроӣ пешниҳод кунад.
Пешниҳоди дархостҳо
Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархостҳои худро (ариза, тарҷумаи ҳол (CV) ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забони тоҷикӣ ва ё русӣ, тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.
Почтаи электронӣ:nurkhon.nazarov@undp.org
Эзоҳ: Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо барои ишғоли вазифаҳои мазкур бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.