|
Дархости нархнома барои сохтмони гармхона, воқеъ дар хоҷагии деҳқонии "Бобо Раҳим" ҷамоати деҳоти Симиганҷ, шаҳри Ваҳдат
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Тағйирёбии иқлим боиси афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо мегардад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бедонаар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди нархҳо барои сохтмони гармхона, воқеъ дар хоҷагии деҳқонии "Бобо Раҳим" ҷамоати деҳоти Симиганҷ, шаҳри Ваҳдат даъват менамояд.
Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо
Пешниҳодҳо на дертар аз 18/12/2023 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
· Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ
· Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
· Иқтибос аз андоз/литсензия
· РМА
· Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати масолеҳи сохтмонӣ ва ниҳолҳои истифодашаванда
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ
ҲАҶМИ КОРҲО |
||||||
№ |
Номгӯи корҳо |
Воҳиди ченак
|
Миқдор |
Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ
|
Ҳамагӣ бо Сомонӣ
|
|
Барои 1 адад
|
Ҳамагӣ
|
|||||
1 |
Кандани хок бо боркардан ба автомашина-самосвалҳо тавассути экскватор бо зарфияти иқтидораш 0.65 м3 (1-0,5 м3) гурӯҳи II хок |
1000м3 |
0,032 |
|
|
|
|
|
|
|
|||
2 |
Кашондани хок ба масофаи 10 км бо автомашинаҳои иқтидори борбардорияшон то 15 тонна |
тн |
57,60 |
|
|
|
|
|
|
||||
3 |
Коркарди хок бо таври дастӣ |
1000м3 |
0,032 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
4 |
Хок |
м3 |
|
48,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
5 |
Пору |
м3 |
|
48,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
6 |
Кашондани хок ва пору ба масофаи 10 км бо автомашинаҳои иқтидори борбардорияшон то 15 тонна |
тн |
|
176,00
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
7 |
Рехтани зертаҳкурсӣ аз сангҳои майдакардашуда |
м3 |
|
4,80 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
8 |
Рехтани бетони зертаҳкурсӣ |
100м3 |
|
0,06 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
9 |
Рехтани таҳкурсиҳои тасмашакл |
100м3 |
|
0,29 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
10 |
Насб намудани қубурҳои оҳании чортарош бо андозаҳои 80х80х2,5мм, 80х40х2,5мм, 40х20х2,5мм,20х20,сими оҳанӣ г-2.2мм |
тн |
|
6,30 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
11 |
Насб намудани даричаи ҳавотозакунӣ ба дарозии гармхона аз секунҷаҳои оҳанӣ 50х50 см ва қубури 25 мм |
тн |
|
0,50 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
12 |
Насб намудани дар |
м2 |
|
4,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
13 |
Рӯйпӯш намудани боми гармхона бо плёнкаи полиэтилинӣ г-120мкр бо назардошти қисмҳои маҳкамкунӣ |
100м2 |
|
6,80 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
14 |
Тайёр ва насб намудани тириза аз оҳан бо андозаи 1,2мх 2,5м |
баста |
|
2,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
15 |
Бо рангҳои равғанӣ ранг намудани сатҳи метал |
100м2 |
|
4,50 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
16 |
Насби шабакаи гармидиҳӣ аз қубурҳои чоркунчаи оҳанӣ 40х20х2.5мм |
100м |
|
142,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
17 |
Гузаронидани қубурҳои обгузар аз полиэтилен (г-32мм 120метр ва қубурҳои барои обдиҳии қатравӣ 400м бо ҷумракҳоях) |
100м |
|
5,20 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
18 |
Насби чароғакҳои люминесцентии обногузар |
адад |
|
10,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
19 |
Насби барқхомӯшкунакҳо (выключатель) |
адад |
|
3,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
20 |
Насби барқгиракҳо (розетка) |
адад |
|
3,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
21 |
Гузаронидани ноқилҳо |
100м |
|
1,80 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
22 |
Харид ва насби деги гармидиҳӣ мувофиқ ба масоҳати гармхона (нави сӯзишворӣ ҳезум ё ангишт) |
баста |
|
1,00 |
|
|
|
Ҳамагӣ: |
|
|
|
|
|
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
Пардохтҳо:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.
Рафти қабули корҳои иҷрогардида
Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.