|
Дархости нархнома барои бунёди ниҳолхона воқеъ дар мавзеъи Гулрези Ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев, шаҳри Ваҳдат
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Тағйирёбии иқлим боиси афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо мегардад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бедонаар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди нархҳо барои бунёди ниҳолхона воқеъ дар мавзеъи Гулрези Ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев, шаҳри Ваҳдат даъват менамояд.
Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо
Пешниҳодҳо на дертар аз 27/07/2023 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
· Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ
· Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
· Иқтибос аз андоз/литсензия
· РМА
· Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати масолеҳи сохтмонӣ ва ниҳолҳои истифодашаванда
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ
ҲАҶМИ КОРҲО |
||||||
№ |
Номгӯи корҳо |
Воҳиди ченак
|
Миқдор |
Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ
|
Ҳамагӣ бо Сомонӣ
|
|
Барои 1 адад
|
Ҳамагӣ
|
|||||
1 |
Ҷо ба ҷо гузории пояҳои бетонӣ (масофаи байни пояхо 2,5 м) |
100 адад |
2.98 |
|
|
|
|
|
|
|
|||
2 |
Насби симтурҳои оҳанӣ бо андозаи сӯрохиҳояш 80х80мм.баландӣ 1,5м бо кашидани симхорҳо 2 қатор ва сими ғафсияш 6мм 1 қатор қад қади пояҳои бетонӣ |
100м |
7,45 |
|
|
|
|
|
|
||||
3 |
Тайёр намудани дарвоза аз қубурҳои профили оҳанӣ 40х40х2,5 мм;20х20х2,5мм ва пояҳо 80х80х2,5мм(андозаи дарвоза 4,5х2,5м) |
тн |
0.31 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
4 |
Насб намудани дарвозаи оҳанӣ |
м2 |
|
11.30 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
5 |
Бо таври дастӣ омода намудани ҷуякҳои стандартии ниҳолшинонӣ барои дарахтон бо хокашон ба андозаи 0,5x0,4 м бо илова кардани хоки растанӣ то 50% |
ҷӯяк |
|
136 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
6 |
Шинондани ниҳолҳо |
10 адад |
|
1822.00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
7 |
Нигоҳубини ниҳолҳо |
10 адад |
|
1822.00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
8 |
Кашондани маҳсулот ба масофаи 22 км |
тн |
|
2.00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Ҳамагӣ: |
|
|
|
|
|
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
Пардохтҳо:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.
Рафти қабули корҳои иҷрогардида
Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.