|
Пешниҳодҳои нархҳо барои хизматрасониҳо дар гузаронидани семинарҳо
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Барқарорсозии устувории сабз дар бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд.
Лоиҳа ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои расонидани хизматрасониҳо дар гузаронидани семинарҳо ва хизматрасониҳои логистикӣ даъват менамояд.
Ширкати ҳавасманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:
· Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ширкат/иқтибос аз андоз
· РМА
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ
Интизор меравад, ки хизматрасонҳо ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд.
Кушодани пешниҳодҳо
Лифофаҳо дар ҳузури аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида кушода мешаванд.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ барои ташкили қаҳванӯшӣ, хӯроки нисфирӯзӣ дар ноҳияҳои зерҳадафи Лоиҳа.
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Имконияти ташкил намудани семинару вохӯриҳо дар ҷойҳои лозима
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
ШАКЛ ВА МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОД
Пешниҳодҳо на дертар аз 18/12/2023 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Пешниҳоди дархостҳо
· Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд бастаи дархостҳои худро тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳоди тиҷоратӣ барои гузаронидани семинарҳо ва хизматрасониҳои логистикӣ пешниҳод намоянд.
· Почтаи электронӣ: isroil_1992@mail.ru Телефон барои тамос: (+992) 918 817 18 18
Инчунин, бастаи дархостҳои чопкардашударо дар лифофа бо нишон додани номгӯи пешниҳоди тиҷоратӣ барои гузаронидани семинарҳо ва хизматрасониҳои логистикӣ навишта шуда, ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Барқарорсозии устувории сабз дар бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон».
Пардохт:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби хизматрасон тавассути бонк гузаронида мешаванд. Пардохтҳо пас аз қабули хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Лоиҳа ва ҳангоми гирифтани варақаи аслӣ ва ҳисобнома-фактура анҷом дода мешаванд.