Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    14.07.2023

    ДАЪВАТ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ОИД БА ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ

    ДАЪВАТ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

    ОИД БА ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ

    Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Лоињаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» (CASP+) аз Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гранти №2000004127, Қарзи №2000004129 ва Гранти иловагӣ №2000004127 гирифтааст. Қисми маблағҳои грантии Лоиҳа барои хизматрасонии машваратӣ равона мегардад.

    -Ҳамоҳангсози Лоиҳа - 1 ҷойи корӣ (макони фаъолият: ш. Душанбе);

    -Мутахассис оид ба идоракунии молиявӣ - 1 ҷойи корӣ (макони фаъолият: ш. Душанбе);

    -Мутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ - 1 ҷойи корӣ (макони фаъолият: ш. Душанбе);

    -Мутахассис оид ба харид – 1 ҷойи корӣ (макони фаъолият: ш. Душанбе).

    Лоиҳа мутахассисони ихтисосманди дорои таҷрибаи кории мувофиқро барои иштирок намудан дар озмун ҷиҳати ишғол намудани вазифаҳои болозикр даъват менамояд.

    Талаботи тахассуси нисбати довталабонро бо супориши техникӣ тавассути ирсол намудани дархост ба почтаи электронии cepprj@gmail.com дастрас кардан мумкин аст.

    Барои иштирок намудан дар озмун довталабони ҳавасманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба идораи Лоиҳа дар нишонаи зерин ё ин ки дар шакли электронӣ ба суроғаи электронии cepprj@gmail.com ва cepciptj@gmail.com пешниҳод намоянд:

    - шарҳи фаъолияти корӣ (CV) бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ;                                                                                      

    - тавсифнома аз ҷойи кор.

    Довталабони ҳавасманд ба вазифаҳои Ҳамоҳангсози Лоиҳа, Мутахассис оид ба идоракунии молиявӣ,  Мутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ ва Мутахассис оид ба хариди Лоиҳа дар доираи талаботи «Дастур оид ба интихоб ва ҷалби мушовирон аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ» (нашри сентябри соли 2010) интихоб карда мешаванд.

    Муҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо санаи 30 июли соли 2023, соати 17:00 мебошад.

    Бастаи ҳуҷҷатҳои нопурра ва дар муҳлати муқарраргардида пешниҳоднашуда баррасӣ карда намешаванд.

    Маълумоти иловагиро метавонед тавассути телефон: (+992) 235 44 36 дар рӯзҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 дастрас намоед.

    Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Суроға: ш. Душанбе, кучаи Шамсӣ 5/1, утоқи 20.


    Бозгашт