Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    11.07.2023

    ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ ЛОИҲАИ БАРҚАРОРСОЗИИ УСТУВОРИ ЛАНДШАФТҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

    ЛОИҲАИ БАРҚАРОРСОЗИИ УСТУВОРИ ЛАНДШАФТҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро, ки аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ (БУ) маблағгузорӣ мешавад, амалӣ менамояд.

    -Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ 1 (як) нафар

          Мӯҳлати охирин:

          29.08.2023

           Ҷойгиршавӣ:

          Душанбе

          Мӯҳлат:

          12 моҳ бо имкони тамдиди минбаъда

                 RESILAND CA+ як барномаи васеъ, ки лоиҳаҳои миллӣ дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро дар бар мегирад, то ба ин кишварҳои Осиёи Марказӣ дар барқарорсозии ландшафтҳо тавассути сармоягузорӣ, таҷрибаи техникӣ ва таҷриба кӯмак расонанд. Илова ба дастгирии лоиҳаҳои миллӣ, он инчунин ба таҳкими муколамаи минтақавӣ ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои идоракунии ландшафт дар тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард. Бо дастгирии ҷамоатҳо, ҷавонон ва занони минтақаҳои наздисарҳадӣ барои бунёди иқтисоди пурқувват дар асоси ҷангалҳо ва захираҳои табиӣ, RESILAND CA+ инчунин ба баланд бардоштани устувории ҳаёти одамон, экосистемаҳо ва инфрасохтор ба тағирёбии иқлим мусоидат мекунад.

    Ҳадафи рушди лоиҳа аз зиёд кардани майдони идоракунии устувори ландшафт дар минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи барқарорсозии ландшафтҳои фаромарзӣ мебошад.

    Шартҳои муфассали техникии вазифаро метавонед аз сомонаи зерин: www.tajnature.tj ё аз суроғаи дар зер нишондодашуда дастрас намоед.

    Талабот ва таҷриба барои мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ

    Талаботи тахассусӣ

    Таҳсилот: Дараҷаи магистрӣ марбут ба мониторинг ва арзёбӣ ва идоракунии лоиҳа, иқтисод, сиёсатшиносӣ, идоракунии захираҳои табиӣ, идоракунии тиҷорат ва ғайра;                                                          Таҷриба: Таҷрибаи кории на камтар аз панҷ сол дар мониторинг ва арзёбии лоиҳа дар созмони бонуфузи байналмилалӣ ё лоиҳаи аз ҷониби донор дастгирӣшаванда талаб карда мешавад; Таҷрибаи истифодаи абзорҳои рақамӣ дар мониторинг ва арзёбӣ, масалан, Kobo Tool Box, замимаҳои GIS, бартарӣ дорад; Таҷрибаи собитшуда дар таҳияи гузоришҳои босифат ва таҳлилӣ зарур аст; Таҷриба дар гузаронидани омӯзиш (ва таҳияи маводҳои марбута, масалан, дастурҳо, презентатсияҳо ва ғ.) ба шунавандагони гуногун (масалан, аҳолии деҳот, кормандони давлатӣ ва мутахассисон, созмонҳои ғайридавлатӣ); Донистани масъалаҳои кишоварзӣ, муҳити зист, рушди деҳот ва масъалаҳои тағирёбии иқлим бартарият хоҳад буд; Малакаҳои коммуникатсионӣ ва компютерӣ:Малакаҳои компютерӣ (MS office, MS Word, MS Excel, Power point, Internet E-mail ва ғайра) ҳатмист; Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ (хаттӣ ва гуфтугӯӣ) озодона ва донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.


    Мутахассисон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои харид барои қарзгирандагони МЛС» ноябри соли 2020 интихоб карда мешавад.

    Маълумоти иловагиро метавонед аз суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 аз рузи душанбе то рузи ҷумъа дастрас намоед.

    Мутахассисони ҳавасманд бояд то санаи 29 августи соли 2023 (соати 17:00 ба вақти Душанбе), мактуб, варақаи шарҳи ҳол ё резюме бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ бо зикри вазифа, диплом, сертификат, тавсиянома ва ғайраҳо ба суроғаи зерин (шахсан ё тавассути почтаи электронӣ) пешниҳод намоянд.

    Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Шамсӣ 5/1, утоқи 41.

    Тел.: +992 2 36 59 72

    Email: cepciptj@gmail.com

    Terms of Reference for Monitoring and Evaluation Specialist


    Бозгашт