|
Дархости нархнома барои дастрасгардонии оби полезӣ ба боғ, воқеъ дар мавзеъи Катасойи ҷамоати Лучоб, ноҳияи Варзоб
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Тағйирёбии иқлим боиси афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо мегардад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бедонаар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди нархҳо барои дастрасгардонии оби полезӣ ба боғ, воқеъ дар мавзеъи Катасойи ҷамоати Лучоб, ноҳияи Варзоб даъват менамояд.
Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо
Пешниҳодҳо на дертар аз 19/06/2023 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
· Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ
· Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
· Иқтибос аз андоз/литсензия
· РМА
· Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати масолеҳи сохтмонӣ ва ниҳолҳои истифодашаванда
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ
ҲАҶМИ КОРҲО |
||||||
№ |
Номгӯи корҳо |
Воҳиди ченак
|
Миқдор |
Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ
|
Ҳамагӣ бо Сомонӣ
|
|
Барои 1 адад
|
Ҳамагӣ
|
|||||
1 |
Насб намудани чоҳҳои бетонӣ |
103 м3 |
|
1,25 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
2 |
Рехтани бетонҳои маҳкамкунии соҳил бо бетони навъи В20 |
100 м3 |
|
10,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
3 |
Рехтани бетонҳои (навъи В15) тасмашакл барои хоначаи насоси обкашӣ (1.5х1.5х2,3 м) |
100 м3 |
|
0,10 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
4 |
Чиндани деворҳо бо блокҳои бетонӣ то 4м |
м3 |
|
2,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
5 |
Рӯйпӯш намудани бом бо варақаҳои металлии рангкардашуда |
100 м2 |
|
0,08 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
6 |
Андова намудани деворҳо |
100 м2 |
|
0,30 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
7 |
Насби дарҳои оҳанӣ |
м2 |
|
1,90 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
8 |
Насб намудани қубурҳои пластикии д-63 |
100 м |
|
15,000 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
9 |
Насби уфуқӣ аз пӯлод бо д-6мм |
100 м |
|
0,20 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
10 |
Насби амудӣ аз оҳан (арматура) |
100 дона |
|
1,50 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
11 |
Дастӣ коркарди замин барои хобондани қубурҳо ва ноқилҳо |
100 м3 |
|
4.50 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
12 |
Дастӣ пур кардани чуқуриҳо |
100 м3 |
|
4.40 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
13 |
Насби пояҳои оҳану бетонӣ |
дона |
|
2,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
14 |
Насби ноқилҳои бе рӯйпӯш бо қувваи то 35 кВт |
1000 м |
|
1,50 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
15 |
Насби насоси обкашӣ бо қувваи то 45 кВт |
баста |
|
1.00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
16 |
Кашонидани масолеҳи сохтмонӣ то 35 км. |
тн |
|
56,00 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Ҳамагӣ: |
|
|
|
|
|
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
Пардохтҳо:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.
Рафти қабули корҳои иҷрогардида
Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.