Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Эълон барои пешниҳоди нархҳо барои дастраскунии таҷҳизотҳои алоқаманди  технологияи иттилоотӣ 01.06.2023

    Эълон барои пешниҳоди нархҳо барои дастраскунии таҷҳизотҳои алоқаманди технологияи иттилоотӣ

    Эълон барои пешниҳоди нархҳо барои дастраскунии таҷҳизотҳои алоқаманди технологияи иттилоотӣ

     

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ (ФА) маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Тағйирёбии иқлим афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад.

    Лоиҳа ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои дастраскунии таҷҳизотҳои алоқаманди технологияи иттилоотӣ даъват менамояд.

    Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

    Ҳуҷҷатҳо на дертар аз 14.06.2023 соати 17:00 қабул карда мешаванд.

     

    Ширкатҳои ҳавасманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

    ·         Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ширкат/литсензияи андоз;

    ·         РМА;

    ·         Шаҳодатномаи пайдоиш ва мутобиқати мол ба талаботи давлат (аз мақомоти дахлдори давлатӣ);

    ·         Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои маъмурии тасдиқкунанда.

     

    Интизор меравад, ки таъминкунандагон ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.

    Кушодани пешниҳодҳо

    Пешниҳодҳо ва лифофаҳо дар ҳузури аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида кушода мешаванд.

     

    Пешниҳодҳо аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

    ·         Нархи умумӣ

    ·         Сифати мол

    ·         Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа

    ·         Имконияти расонидан ва насб кардани таҷҳизотҳо то ҷойи лозима.

     

    Номгӯ

    Миқдор

    Ченак

    Нарх барои 1 дона

    Асъор

    1

    Генератор ҳадди аққал 6кВт

    1

    дона

     

    Сомонӣ

    2

    Системаи назорати ҳарорат, намнокӣ ва дуд

    1

    баста

     

    Сомонӣ

    3

    ЮСБ хаб (USB Hub)

    1

    дона

     

    Сомонӣ

    4

    Фая вол (Fire Wall) барои сервери Кумита

    1

    баста

     

    Сомонӣ

    5

    Изи Смарт (Easy Smart) бо портҳои 24 ГВ

    1

    баста

     

    Сомонӣ

    6

    Хотираи оперативӣ (оперативная память) Hynix ҳам барои сервери Кумита ҳам барои сервери Лоиҳа

    4х32ГБ

    дона

     

    Сомонӣ

    7

    Диски сахт (жесткий диск) Seagate/SATA барои сервери Лоиҳа

    2х2 TB

    дона

     

    Сомонӣ

    8

    Принтери шабакавӣ барои чоп аз дилхоҳ компютери Лоиҳа

    1

    дона

     

    Сомонӣ

    9

    Тақвиятдиҳандаҳои вайфай

    1

    дона

     

    Сомонӣ

    10

    Чангкашак (воздуходувка) барои сервери Кумита

    1

    дона

     

    Сомонӣ

    11

    Диск HDD SAS

    10 TB

    дона

     

    Сомонӣ

    12

    Кондитсионери махсус барои сервери Кумита

    303

    дона

     

    Сомонӣ

    13

    Ноутбуки пуриқтидор ё компютери шахсӣ

    1

    дона

     

    Сомонӣ

    14

    Брандмауэр бо назарошти иҷозатнома

    1

    баста

     

    Сомонӣ

     

    Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо

    • Нархҳои пешниҳодгардида, бояд тамоми андозҳои ҳатмиро дар бар гиранд.
    • Пардохт танҳо тавассути интиқоли бонк анҷом дода мешавад.
    • Муҳлати иҷрои фармоиш.
    • Лутфан дар “Мавзӯъ” ва ё болои лифофа: Пешниҳод барои барои дастраскунии таҷҳизотҳои технологияи иттилоотӣ навишта шавад.

    ТАЛАБОТ НИСБАТИ ДАСТРАСКУНӢ

    ·         Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд арзиши интиқол то дафтари Лоиҳа, воқеъ дар ш. Душанбе бударо дар бар гирад.

    Пешниҳодҳои тиҷоратӣ барои расонидани хизматрасониҳои чопӣ тавассути почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org ва нусха radjabov.khursched@gmail.com бо возеҳ нишон додани номгӯ дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод карда шаванд.                                                                     

    Ҳамчунин, дархост дар лифофа бо нишон додани пешниҳоди нархҳо барои таҷҳизотҳои алоқаманди технологияи иттилоотиро ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст:

    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».

    • Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба телефони (+99) 2367655 дар тамос шавед.                                                                                                                 

     

    Пардохт:

    Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби молрасон тавассути бонк гузаронида мешаванд. Пардохтҳо пас аз қабули мол аз ҷониби намояндагони Лоиҳа ва ҳангоми гирифтани варақаи аслӣ ва ҳисобнома-фактура анҷом дода мешаванд.

     

    Дастраскунӣ ва тафтиши мол

    Намояндагони Лоиҳа таҷҳизотҳои технологияи иттилоотиро баррасӣ мекунанд. Таҷҳизотҳои технологияи иттилоотӣ дар макони интиқоли таъиншудаи Лоиҳа баррасӣ мешаванд. Намояндаи Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳо медиҳад ё номувофиқатиро дар таҷҳизотҳои технологияи иттилоотии таъминкунанда нишон медиҳад. Агар ҳангоми тафтиши таҷҳизот муайян карда шавад, ки таҷҳизотҳои технологияи иттилоотии расонидашуда, ба талаботи шартнома мувофиқат мекунад, Лоиҳа таҷҳизотҳоро қабул мекунад.


    Бозгашт