|
Дархости нархнома барои маҳкамкунии гирди замин ва бунёди боғ воқеъ дар мавзеъи Даҳанаи Соне ҷамоати Ромит, шаҳри Ваҳдат
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Тағйирёбии иқлим боиси афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо мегардад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бедонаар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои маҳкамкунии гирди замин ва бунёди боғ воқеъ дар мавзеъи Даҳанаи Соне ҷамоати Ромит, шаҳри Ваҳдат даъват менамояд.
Шакл ва мӯҳлати пешниҳодҳо
Пешниҳодҳо на дертар аз 05/06/2023 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
· Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ
· Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
· Иқтибос аз андоз/литсензия
· РМА
· Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати масолеҳи сохтмонӣ ва ниҳолҳои истифодашаванда
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ
ҲАҶМИ КОРҲО |
||||||
№ |
Номгӯи корҳо |
Воҳиди ченак
|
Миқдор |
Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ
|
Ҳамагӣ бо Сомонӣ
|
|
Барои 1 адад
|
Ҳамагӣ
|
|||||
1 |
Ҷо ба ҷо гузории сутунҳои оҳану бетонӣ (масофаи байни сутунҳо 2,5 м) |
100дона |
3,6 |
|
|
|
|
|
|
|
|||
2 |
Ҷойгиркунии панҷараҳои аз симтурҳои оҳанӣ бо андозаи 80x80mm H-1,5m, кашидани симхор дар 2-қатор ва сими д-6,0мм дар 1-қатор қад-қади стунҳои оҳану бетонӣ |
100м |
9 |
|
|
|
|
|
|
||||
3 |
Тайёр намудани конструкцияҳои дарвоза аз оҳан (бо андозаи 4,2х2,2м=1 дона) аз қубурҳои металлии профилӣ бо андозаи 40х40х2,5;20х20х2,5 ва сутун 80х80х2,5) |
тн |
0,28 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
4 |
Васли дарвозаи оҳанӣ |
м2 |
|
9,2 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
5 |
Тайёр намудани ҷуқуриҳо барои дарахтшинонӣ бо андозаи 0,5х0,4х0,4м бо илова намудани пору то 50% |
10 чуқурӣ |
|
241 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
6 |
Шинонидан ва нигоҳубин намудани дарахтон |
10 дона |
|
241 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
7 |
Кашонидани масолеҳи сохтмонӣ дар масофаи то 80 км |
тн |
|
97 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Ҳамагӣ: |
|
|
|
|
|
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
Пардохтҳо:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.
Рафти қабули корҳои иҷрогардида
Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.