Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Дархости нархнома  барои бунёди майдончаи намоишӣ аз ҳисоби шинонидани дарахтони ороишӣ (санавбар ва шоҳбулут) дар Ҷамоати деҳоти Баҳор, деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат 13.03.2023

    Дархости нархнома барои бунёди майдончаи намоишӣ аз ҳисоби шинонидани дарахтони ороишӣ (санавбар ва шоҳбулут) дар Ҷамоати деҳоти Баҳор, деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат

    Дархости нархнома

    барои бунёди майдончаи намоишӣ аз ҳисоби шинонидани дарахтони ороишӣ (санавбар ва шоҳбулут) дар Ҷамоати деҳоти Баҳор, деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат

     

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳо ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин афзоиш меёбад.

    Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди нархҳо/ҳуҷҷатҳо барои бунёди майдончаи намоишӣ аз ҳисоби шинонидани дарахтони ороишӣ (санавбар ва шоҳбулут) дар Ҷамоати деҳоти Баҳор, деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат даъват менамояд.

    Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо

    • Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org ва нусха radjabov.khursched@gmail.com фиристонида шаванд ва ё мустақиман ба Лоиҳа воқеъ дар КҲМЗ, кӯчаи Шамсӣ 5/1 Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» дастрас карда шаванд.

    Пешниҳодҳо на дертар аз 27/03/2023 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.

    • Пешниҳодҳое, ки пас аз сана ва вақти болозикр пешниҳод мегарданд, қабул карда намешаванд.
    • Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефони (+99) 2367655 аз соати 09:00-17:00 то 27/03/2023 дар тамос шавед.
    • Ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ метавонанд мавзеъро дар таърихи 16 ва ё 17 марти соли 2023 аз соати 10:00 то 12:00 аз назар гузаронанд. Телефон барои тамос: +992 113350003

     

    Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

    ·         Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ

    ·         Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

    ·         Иқтибос аз андоз/литсензия

    ·         РМА

    ·         Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона

    ·         Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

     

    Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.

    Баҳогузорӣ

       

    Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

    ·         Нархи умумӣ

    ·         Сифати масолеҳи сохтмонӣ ва ниҳолҳои истифодашаванда

    ·         Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа

    ·         Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ

     


    ҲАҶМИ КОРҲО

     

    Номгӯи корҳо ва ҳисоби ҳаҷмҳо

    Воҳиди ченак

    Миқдор

     

    Ҳамагӣ бо Сомонӣ

    Барои 1 адад

    Ҳамагӣ

    1

    2

    3

    4

    5

    6

     

    1. Шинонидани ниҳолҳо (санавбар ва шоҳбулут)

     

     

     

     

    1

       Тарҳбандии майдонҳо ба таври дастӣ, чуқурӣ 0,2 м. (1,2х300) х14 = 5040м2.

    м2

     

     

    2

    Кофтани чуқуриҳо ба таври дастӣ барои ниҳолҳо бо пур намудани он, андоза (0,6 х 0,6) х 0,7х1560 = 393,12 = 393,0 м3.

    м3

     

     

    3

    Бо мошини боркаш кашондани ниҳолҳо (санавбар ва шоҳбулут) 1 560 дона

    дона

     

     

     

    4

    Шинонидани ниҳолҳо (санавбар ва шоҳбулут) 1560 дона, 657м3, 657х0,1= 65,7 = 66,0м3

    м3

     

     

    5

    Кандани хок ба таври дастӣ дар хандакҳо барои қубурҳо ҳаҷм   0,3 х 0,5 х 4380 = 657м3

    м3

     

     

    6

    Гузаронидани қубурҳо Ø 32мм., - 80м. Ø 25мм., - 100м., Ø 15мм., - 4200м. ҳамагӣ 4380м.

    м

     

     

    7

    Ба таври дастӣ пур намудани хандакҳо, 657м3

    м3

     

     

    8

    Кофтани замин ба таври дастӣ барои пойгоҳи обкашӣ: 3м3

    м3

     

     

    9

    Сохтумони бетон, таҳ ва деворҳои ҳавз аз бетон: М100,1,64 м3.

    м3

     

     

    10

    Гузоштани зарфи об, 10м3 ва мотор (насос) барои обёрӣ намудани ниҳолҳо.

    дона

     

     


     

    Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо

    • Нархҳои пешниҳодшаванда бояд тамоми пардохтҳои ҳатмиро дар бар гиранд.
    • Нишон додани муҳлати иҷрои корҳо
    • Лутфан дар сатри мавзӯъи почтаи электронӣ ва ё болои лифофа:“Нархнома барои бунёди майдончаи намоишӣ аз ҳисоби шинонидани дарахтони ороишӣ (санавбар ва шоҳбулут) дар Ҷамоати деҳоти Баҳор, деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат” нависонда шавад.

     

    Пардохтҳо:

    Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.

     

    Рафти қабули корҳои иҷрогардида

    Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.



    Бозгашт