Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Пешниҳоди нархҳо барои расонидани хизматрасониҳои чопӣ 16.02.2023

    Пешниҳоди нархҳо барои расонидани хизматрасониҳои чопӣ

    Пешниҳоди нархҳо барои расонидани хизматрасониҳои чопӣ

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳа, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад.

    Лоиҳа ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои иштирок дар асоси озмун барои расонидани хизматрасониҳои чопӣ даъват менамояд.

    Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

    Пешниҳодҳо на дертар аз 01.03.2023 соати 17:00 қабул карда мешаванд.

     

    Молрасон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:

    ·         Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ширкат/литсензияи андоз;

    ·         РМА;

    ·         Шаҳодатномаи пайдоиш ва мутобиқати мол ба талаботи давлат (аз мақомоти дахлдори давлатӣ);

    ·         Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда.

     

    Интизор меравад, ки таъминкунандагон ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.

    Кушодани пешниҳодҳо

    Пешниҳодҳо дар ҳузури аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида кушода мешаванд.

     

    Баҳогузорӣ

    Лоиҳа ӯҳдадор нест, ки ҳамаи молҳои иловагии дар варақаи мушаххасот номбаршударо қабул кунад.

       

    Пешниҳодҳо аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ карда мешаванд:

    ·         Нархи умумӣ

    ·         Сифати чоп

    ·         Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа

    ·         Имконияти расонидани молҳо то ҷойи лозима

     

    Мол

    Миқдор

    Формат    

    Нарх барои 1 дона

    Асъор

    1

    Чопи лазерии сиёҳ (1+0) дар коғази 80 гр

    1-100

    А4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    2

    Чопи лазерии сиёҳ (1+0) дар коғази 80 гр

    100-200

    А4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    1

    Чопи лазерии сиёҳ (1+0) дар коғази 160 гр

    1-100

    А4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    3

    Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 80 гр

    1-100

    А4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    4

    Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 80 гр

    100-200

    А4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    5

    Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 160 гр

    1-100

    А4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    6

    Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 80 гр

    1-100

    А3 (297-420)

     

    Сомонӣ

    7

    Чопи лазерии ранга (4+0) дар коғази 80 гр

    1-100

    A4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    8

    Чопи лазерии ранга (4+0) дар коғази 80 гр

    1-100

    A3 (297-420)

     

    Сомонӣ

    9

    Чопи лазерии сиёҳ (1+0) дар коғази 80 гр бо муқоваи пластикӣ

    1-100

    A4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    10

    Чопи лазерии сиёҳ (1+0) дар коғази 80 гр бо муқоваи оҳанӣ

    1-100

     

    A4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    11

    Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 80 гр бо муқоваи пластикӣ

    1-100

    A4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    12

    Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 80 гр бо муқоваи оҳанӣ

    1-100

    A4 (210-297)

     

    Сомонӣ

    13

    Корти тоҷирӣ 1+1 сиёҳу сафед

    50

     

     

    Сомонӣ

    14

    Корти тоҷирӣ 1+1 ранга

    50

     

     

    Сомонӣ

    15

    Буклет 4+4

    1

     

     

    Сомонӣ

    16

    Флаер 4+4

    1

     

     

    Сомонӣ

    17

    Сертификатҳо А4

    1

     

     

    Сомонӣ

    Ҳамагӣ:

     

    Сомонӣ

     

    Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо

    ·         Нархи чоп бояд тамоми андозҳои ҳатмиро дар бар гирад.

    ·         Пардохт танҳо тавассути интиқоли бонк анҷом дода мешавад.

    ·         Мӯҳлати иҷрои фармоиш.

    • Арзиши интиқол, агар дохил карда нашуда бошад

    ТАЛАБОТ НИСБАТИ ДАСТРАСКУНӢ

    ·         Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд арзиши интиқол то дафтари Лоиҳа, воқеъ дар ш. Душанбе бударо дар бар гирад.

    ·         Пешниҳодҳои тиҷоратӣ барои расонидани хизматрасониҳои чопӣ тавассути почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org ва нусха radjabov.khursched@gmail.com бо возеҳ нишон додани номгӯ дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод карда шаванд.

     

    Ҳамчунин, дархост дар лифофа бо нишон додани Пешниҳоди тиҷоратӣ барои расонидани хизматрасониҳои чопиро ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст:

    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».

    Пардохт:

    Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби молрасон тавассути бонк гузаронида мешаванд. Пардохтҳо пас аз қабули маҳсулот аз ҷониби намояндагони Лоиҳа ва ҳангоми гирифтани варақаи аслӣ ва ҳисобнома-фактура анҷом дода мешаванд.

     

    Дастраскунӣ ва тафтиши мол

    Намояндагони Лоиҳа маҳсулоти чопшударо баррасӣ мекунад. Чоп дар макони интиқоли таъиншудаи Лоиҳа баррасӣ мешавад. Намояндаи Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳо медиҳад ё номувофиқатиро дар чопи таъминкунанда нишон медиҳад. Агар ҳангоми тафтиши ашёи чопшуда муайян карда шавад, ки чопи расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунад, Лоиҳа ашёҳоро қабул мекунад.



    Бозгашт