|
Эълон барои ишғоли вазифаи тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа
Ташкилот: БРСММ/ КҲМЗ
Вазифа: Тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа (Реҷа: рӯзи кории нопурра дар асоси шартнома)
Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538
Соҳаи амалия – Тавсифи кор: Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Мӯҳлати ниҳоии
пешниҳоди дархост: 06.03.2023 (то соати 17:00-и вақти маҳаллӣ)
Навъи шартнома: Инфиродӣ
Мӯҳлати амали шартнома: 3 моҳ бо имконияти тамдиди он
Маълумоти умумӣ
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ (ФА) маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Шароити тағйирёбии иқлим афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад.
Тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа таҳти назорати менеҷери Лоиҳа (МЛ) барои дастгирии Лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва мӯҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда ба МЛ кӯмак менамояд.
Тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо Барномаи БРСММ, Гурӯҳи амалиётӣ ва иртиботӣ ва дигар гурӯҳҳои Лоиҳа дар дафтари намояндагии БРСММ барои самаранок ноил шудан ба натиҷаҳо, пешгӯӣ ва ҳал намудани мушкилоти мураккаби марбут ба Лоиҳа ҳамкории зич хоҳад дошт. Интизор меравад, ки корманд қоидаҳои барномавӣ ва маъмурӣ, муқаррарот, сиёсат ва стратегияҳои КҲМЗ/БРСММ-ро пурра риоя менамояд.
Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо
Таҳти назорат ва роҳбарии умумии МЛ тарҷумони Лоиҳа масъул аст, ки фаъолиятҳои Лоиҳаи вобаста ба муҳити зистро дар вақти таъйиншуда иҷро намояд. Тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа бо кормандони Лоиҳа (МЛ, корманди масъули масоили харид, корманди масъули маъмуриву молиявӣ, корманди масъули мониторинг ва арзёбӣ, аз ҷумла кормандони техникии дар маҳалҳо ба кор гирифташуда, вобаста ба ҷанбаҳои фаъолияти Лоиҳа аз наздик кор мекунад. Масъулиятҳои махсус мавридҳои зеринро дар бар мегиранд:
· Тарҷумаи саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои марбут ба гузоришҳои расмии гуногун;
· Тарҷумаи шифоҳии вохӯриҳо, музокираҳо, машғулиятҳо, инчунин тарҷумаи хаттии маводҳои семинарӣ ва ғайра;
· Ҳангоми зарурат сафар кардан ба маҳалҳо барои тарҷума дар вохӯриҳо ва фаъолиятҳои монанд ба инҳо;
· Пешбарии кор барои яксонсозии истилоҳот, инкишоф додани таърифи тарҷума;
· Тарҷума кардани мақолаҳо ва маводҳои махсуси дастрасгардида аз БРСММ, КҲМЗ, маъмурияти Фонди Адаптатсионӣ, Маркази Идоракунии Лоиҳаҳо;
· Барои вазифаҳои дар боло зикршуда масъулияти шахсӣ дорад.
· Дигар уҳдадориҳо ва вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти Лоиҳа дархост карда мешаванд ва ғ.
Салоҳиятҳо
Таҳсилот:
- Таҳсилоти олӣ дар соҳаи забонҳои хориҷӣ; ё ҳадди ақал 3 соли таҷрибаи корӣ дар тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ (ҳамзамон).
Таҷрибаи корӣ:
- Ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи кории дахлдор дар тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ (ҳамзамон) барои татбиқи лоиҳа ё барнома, ба таври идеалӣ бо ҷалби донорҳои байналмилалӣ;
- Таҷрибаи қаблии маъмурӣ дар таҳия ва татбиқи стратегияҳои лоиҳаҳои экологӣ барои ташкилотҳо ё лоиҳаҳо;
- Малакаҳои хуби байнишахсӣ;
- Ба таҷрибаи қаблӣ бо лоиҳаҳои аз ҷониби маблағгузорони байналмиллалӣ афзалият дода мешавад.
Талаботҳои вобаста ба забондонӣ
- Равон ва мукамал донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ аст.
Талаботҳои дигар:
- Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои назарраси роҳбарии даста ва малакаҳои
хуби муоширати шифоҳӣ.
- Дараҷаи баланди банақшагирӣ, малакаҳои ташкилӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ,
таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан дар зери фишор барои иҷро кардани кор дар
мӯҳлатҳои маҳдуд.
- Қобилияти зуд мутобиқ шудан ба тағйирот ва ором нигоҳ доштани худ дар зери фишор;
- Доштани ҳисси қавии мустақил ва поквиҷдон будан сифатҳои муҳим ба шумор мераванд;
- Маҳорати муошират ва гузоришдиҳӣ ва қобилияти кор кардан дар даста.
Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):
-Таҷриба дар истифодаи компютерҳо ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;
-Ба доштани таҷриба дар системаҳои идоракунии ба веб асосёфта бартарӣ дода мешавад.
Пешниҳоди дархостҳо
Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол (CV) ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.
Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org ва нусха ба radjabov.khursched@gmail.com
Ҳамчунин, бастаи дархостҳои чоп кардашударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».
Эзоҳ: Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.