Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    24.02.2023

    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин , озмун эълон менамояд

    1.     Муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-1 ҷой маоши мансабӣ-2339,30 сомонӣ;

    2.     Сардори шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот, кадр, ҳуқуқ ва коргузории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ-1 ҷой маоши мансабӣ-1914,65 сомонӣ;

    3.     Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ-1 ҷой маоши мансабӣ-1914,65 сомонӣ;

    4.     Сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ-1 ҷой маоши мансабӣ-1914,65 сомонӣ;

    5.     Мудири бахши мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ-1 ҷой маоши мансабӣ-1571,91 сомонӣ;

    6.     Сармутахассис (муҳосиб) шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот, кадр, ҳуқуқ ва коргузории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ-1 ҷой маоши мансабӣ-1427,60 сомонӣ;

    7.     Сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ-1 ҷой маоши мансабӣ-1427,60 сомонӣ;

    8.     Сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифодаи ҳифзи ҳавои атмосфера ва захираҳои оби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ-1 ҷой маоши мансабӣ-1427,60 сомонӣ;

    9.     Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи мухити зист дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ-1 ҷой маоши мансабӣ-1294,80 сомонӣ;

    10. Сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ-1 ҷой маоши мансабӣ-1294,80сомонӣ;

    11. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи мухити зист дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ-1 ҷой маоши мансабӣ-1062,40 сомонӣ. 


    Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
    пешниҳод карда мешаванд:

    - ариза ба унвони роҳбари мақомот;

    - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

    - шарҳи ҳол;

    - нусхаи диплом;

    - 2 дона расми 3х4;

    - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

    - нусхаи шиноснома;

    - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

    - нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

    - маълумотнома аз ҷои истиқомат;

    - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;

    - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

    - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

    - маълумотнома (справка- объективка).

    - маълумотномаи оид ба надоштани доғи судӣ

    -нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ


    Талаботи тахассусӣ

    Барои ишғоли мансаби муовини сардори Cарраёсат

    - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

    - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

    - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

    - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

    Барои ишғоли мансаби сардори шуъба

    - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

    - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

    - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

    - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

    Барои ишғоли мансаби мудири бахш

    - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

    - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

    - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

    - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

    Барои ишғоли мансаби сармутахассис

    - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

    - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

    - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

    Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

    - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

    - 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё умумии меҳнатӣ;

    - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

    - малакаи кор бо компютер.

      

    Нишонии  қабули ҳуҷҷатҳо:

    Нишонии  қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1 , индекс 734064, тел: (+992 37) 236-95-52  (+992) 936-02-29-09  web-site: www.khmz.tj. E-mail: info@tajnature.tj Муҳлат: 21 рӯз баъд аз рӯзи нашр.

    Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

     Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.


    Бозгашт