Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ – мушовири маҳаллӣ оиди масъалаҳои харид 11.01.2023

    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ – мушовири маҳаллӣ оиди масъалаҳои харид

    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ мушовири маҳаллӣ оиди масъалаҳои харид

     

    Ташкилот:                                   БРСММ/КҲМЗ

    Вазифа:                                     Мушовири маҳаллӣ оиди масъалаҳои харид барои дастгирии татбиқи Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» (Лоиҳаи Фонди Адаптатсионӣ)

    (Реҷа: рӯзи нопурраи корӣ) - 1 нафар

    Рамзи мушаххаси Лоиҳа:           111538

    Соҳаи амалия – Тавсифи кор:   Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ

    Муҳлати ниҳоии

    пешниҳоди дархост:                  24.01.2023 (то соати 17:00-и вақти маҳаллӣ)

    Навъи шартнома:                       Инфиродӣ

    Муҳлати амали шартнома:         3 моҳ

     

    Маълумоти умумӣ

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро (Лоиҳа), ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад амалӣ менамояд.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағжиши замин бештар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.

     

    Мушовири маҳаллӣ оиди масъалаҳои харид таҳти роҳбарии сардори маркази татбиқи лоиҳаҳои КҲМЗ тавассути роҳнамоии умумии менеҷери Лоиҳа (МЛ) фаъолият менамояд. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, буҷет ва мӯҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда ба МЛ кӯмак мерасонад.                                                                               

     

    Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо                                                                                                                      

    Мушовири маҳаллӣ оид ба масъалаҳои харид таҳти роҳбарии умумии директори миллии Лоиҳа, тавассути МЛ, ҷиҳати татбиқи самараноки Лоиҳа фаъолият менамояд. Мушовири маҳаллӣ оиди масъалаҳои харид дар амалисозии Лоиҳа иштирок намуда, барои мавридҳои зерин масъул хоҳад буд:

     

    -       Мусоидат намудат дар идоракунии равандҳои харид мутобиқи қоидаҳо ва расмиёти КҲМЗТ:

    -       Иштироки фаъолона дар таҳияи нақшаҳои солонаи корӣ, амалиётҳои мансуби Лоиҳа ва равандҳои хариди маҳалии Лоиҳа;

    -       Расонидани кӯмак ба МЛ дар таҳияи нақшаҳои амалиёти харид барои Лоиҳа; Дар асоси нақшаи харид мутобиқи нақшаи кории солона, нақшаи муфассали кории кадрҳоро барои коркарди хидматҳои касбии ба нақша гирифташуда, омода намудани амалиётҳои маҳалии харид ;

    -       Дастгирии нигоҳдории системаи дахлдори пешниҳоди ҳуҷҷатгузории фаъолияти харид;

    -       Дастгирии таҳияи ҷадвалҳои мунтазами пайгирии харид ва навсозӣ, инчунин ҳама гуна ҳисоботҳои марбут ба масоили харид, ки аз ҷониби донорҳо, мақомотҳои давлатӣ ва ё дигар ҷонибҳои манфиатдор дархост карда мешаванд;

    -       Мусоидат ба моликияти маҳаллӣ тавассути таъмини мутобиқати расмият ва равандҳои ҳукумати маҳаллӣ дар банақшагирӣ ва буҷети муштарак, хариди молу хадамот, идоракунӣ ва мониторинги расонидани хадамот ва ҳисоботдиҳӣ;

    -       Саҳмгузорӣ дар тарҳрезӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунии маҳаллӣ, аз ҷумла омода намудани дархостҳо барои нархномаҳо, ҳаҷми корҳо, дархостҳо барои пешниҳодҳо, даъват ба озмунҳо, аз ҷумла шартҳои тахассусӣ барои ҷалби машваратчиёни кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ва фаъолиятҳои марбутаи Лоиҳа;

    -       Пешниҳоди роҳнамоӣ оид ба вохӯриҳои пеш аз озмунҳо ва боздид аз макони корҳои азнавсозию сохтмонӣ;

    -       Таъмини сифат дар тамоми равандҳои харид: (1) таъсиси комиссияҳои арзёбии озмунҳо; (2) ташаккули мухтасари пешниҳодҳои техникии аз ҷониби иштирокчиёни озмунҳо барои Комиссияи арзёбӣ пешниҳодшаванда; (3) санҷиши ибтидоӣ ва таҳлили дархостҳои озмунӣ ва тасдиқи онҳо, ки ҳама ашё дорои шаҳодатномаҳои техникӣ/шаҳодатномаҳои пайдоиш ба монанди сертификати Ташкилоти байналхалқии стандартизатсияро доро мебошанд ва иҷрои дигар вазифаҳою ӯҳдадориҳое,ки аз ҷониби МЛ вобаст карда мешаванд;

     

    Салоҳиятҳо

     

    Таҳсилот:                                                                                                                                                                                                            

    -       Маълумоти олӣ дар бахшҳои идоракунии соҳибкорӣ, харид ва дигар соҳаҳои алоқаманд ва ё наздик.

    Таҷрибаи корӣ:

    -       Ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи собитшуда дар хариди молҳо ва хизматрасониҳо, махсусан дар идоракунии захираҳои табиӣ, тағирёбии иқлим, корҳои таъмирӣ ва азнавсозию сохтмонӣ, ва/ё дигар соҳаҳои алоқаманд.

    -       Донистани қонунгузории миллӣ ва расмиёти соҳаи харид муҳим аст;

    -       Дониш ва/ё таҷриба дар сиёсат ва расмиёти байналмилалии харид муҳим аст;

    -       Ба дониш ва/ё таҷриба дар сиёсат ва расмиёти хариди маҳаллӣ бартарият дода мешавад.

                                                                                                                                                                                      

    Талаботҳои вобаста ба забондонӣ:                

    -       Дониши муккамали забони гуфтугӯӣ ва хаттии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Ба донистани забони англисӣ бартарият дода мешавад.

    Дигар:

    -       Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои дидашавандаи роҳбарии даста ва малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ.

    -       Нишон додани ҳассосият ва қобилияти мутобиқшавӣ ба хусусиятҳои фарҳангӣ, гендерӣ, нажодӣ, миллат ва синну сол.

    -       Малакаҳои баланди банақшагирӣ, идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ, таваҷҷӯҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан таҳти мамониятҳо барои анҷоми корҳо дар мӯҳлатҳои пешбинишуда.

    -       Қобилияти зуд мутобиқ шудан ба тағйиротҳо ва ором будан ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба мамониятҳо;                        

     

    Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):                                                                                                                     

    -       Таҷрибаи истифодаи компютерҳо ва бастаҳои нармафзори офисӣ (MS Word, Excel ва ғ.), PeopleSoft ва дониши бастаҳои ҷадвали электронӣ ва пойгоҳи додаҳо

    Пешниҳоди дархостҳо

    Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархостҳои худро (ариза, тарҷумаи ҳол (CV) ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.

    Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org ва нусха radjabov.khursched@gmail.com                                                                                                         

     

    Ҳамчунин, бастаи дархостҳои чопкардашударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».

     

    Эзоҳ: Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.


    Бозгашт