Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Дархости пешниҳоди хизматрасониҳо барои таҳияи cистемаи иттилоотии ҷуғрофӣ (CИҶ), ҷамъоварии маълумот ва омӯзиш 10.01.2023

    Дархости пешниҳоди хизматрасониҳо барои таҳияи cистемаи иттилоотии ҷуғрофӣ (CИҶ), ҷамъоварии маълумот ва омӯзиш

    Дархости пешниҳоди хизматрасониҳо барои таҳияи cистемаи иттилоотии ҷуғрофӣ (CИҶ), ҷамъоварии маълумот ва омӯзиш

     

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад.

    Дар доираи Лоиҳаи мазкур ташкилотҳо, ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои соҳибихтисос ё мушовирони инфиродӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳо даъват карда мешаванд.

    Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо

    • Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org ва “radjabov.khursched@gmail.com” фиристонида шаванд ва ё мустақиман ба Лоиҳа воқеъ дар КҲМЗ, кӯчаи Шамсӣ 5/1 Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» дастрас карда шаванд.

    Пешниҳодҳо на дертар аз 23/01/2023 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.

    • Пешниҳодҳое, ки пас аз сана ва вақти болозикр пешниҳод мегарданд, қабул карда намешаванд.

     

    Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

    ·         Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат

    ·         Қайд ва Оинномаи ширкат

    ·         Литсензия барои гузаронидан ва ё иҷро намудани корҳои марбута ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

    ·         Иқтибос аз андоз/литсензия

    ·         РМА

    ·         Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона

    ·         Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будани дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

     

    Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.

    Баҳогузорӣ

       

    Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

    ·         Нархи умумӣ

    ·         Таҷрибаи корӣ дар самти cистемаи иттилоотии ҷуғрофӣ, ҷамъоварии маълумот ва омӯзиш

    ·         Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа

    ·         Ҳамлу насби маълумот дар самтҳои лозимаи Лоиҳа

     

    Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо

    • Нархҳои пешниҳодшаванда бояд тамоми пардохтҳои ҳатмиро дар бар гиранд.
    • Нишон додани муҳлати иҷрои корҳо
    • Лутфан дар сатри мавзӯъи почтаи электронӣ ва ё болои лифофа: “Пешниҳоди хизматрасониҳо барои таҳияи cистемаи иттилоотии ҷуғрофӣ (СИҶ), ҷамъоварии маълумот ва омӯзиш” нависонда шавад.

     

    Пардохтҳо:

    Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.

     

    Рафти қабули корҳои иҷрогардида

    Мутасадиёни техникии Лоиҳа рафти корҳои иҷрогардидаистодаро мавриди баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор медиҳанд. Онҳо ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар рафти корҳо нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ ва баҳогузорӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул намуда, маблағгузориро ба роҳ монда мемонад.

     



    Бозгашт