|
Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ
Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ
Вазифа: Мутахассис оид ба робитаҳои берунаи Лоиҳа (Реҷа: рӯзи кории нопурра)
Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538
Соҳаи амалия – Тавсифи кор: Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Муҳлати ниҳоии
пешниҳоди дархост: 05.01.2023 (панҷшанбе, соати 17:00-и вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)
Навъи шартнома: Инфиродӣ
Муҳлати амали шартнома: 3 моҳ бо имконияти тамдиди он
Маълумоти умумӣ
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Мутахассис оид ба робитаҳои беруна татбиқи Стратегияи идоракунии коммуникатсия ва донишҳои Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро дастгирӣ намуда, дар робита бо ҳама ҷузъҳои Лоиҳа кӯмаки баландсифат ва техникӣ мерасонад.Ӯ тавассути менеҷери Лоиҳа (МЛ) ба директори миллии Лоиҳа ҳисобот медиҳад ва таҳти роҳбарии умумии сармушовири техникӣ кор хоҳад кард. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва муҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда, ба МЛ кӯмак менамояд.
Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо
Таҳти назорат ва роҳбарии умумии МЛ, мушовир уҳдадориҳои зеринро дорад:
· Баррасӣ ва таҳкими Стратегияи идоракунии коммуникатсия ва донишҳо ва расонидани кӯмаки иртиботӣ дар ҳамоҳангсозӣ ва дастгирӣ ба фаъолиятҳои огоҳонидани ҷомеа. Ӯҳдарории мазкур инчунин муайян кардани иштирокчиёни асосии васоити ахбор, фасилитаторҳо ва расонидани ёрии логистикиро дар бар мегирад, ки барои татбиқи Стратегияи идоракунии коммуникатсия ва дониш заруранд.
· Ҷамъоварӣ ва тартиб додани маҳзани тамос бо васоити ахбор, омода кардани маводҳои зарурӣ барои чорабиниҳои алоқаманд ба огоҳонидани мардум, аз қабили презентатсияҳои Power Point, баннерҳо, видеоҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили сертификатҳо барои иштирокчиён.
· Ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони лоиҳа, мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои давлатии ноҳияҳо оид ба ташкили сафарҳо ва чорабиниҳо марбут ба огаҳонидани аҳолӣ.
· Муайян кардани платформаҳои идоракунии донишҳо.
· Таҳия ва таъмини мундариҷа барои платформаҳои алоқаи дахлдор (вебсайт, васоити ахбори иҷтимоӣ ва дигар мавод ва маҳсулот) ва дастгирии ташкилии макони баргузориҳо.
· Омода, бастабандӣ ва паҳн кардани ҳама маълумотҳо ва маҳсулотҳои таҳияшуда ва чопшуда барои баҳрамандон ва ғайра
Салоҳиятҳо
Таҳсилот:
- Ҳадди ақал доштани таҳсилоти олӣ дар соҳаи коммуникатсия ва ё соҳаҳои ба он наздик.
Таҷрибаи корӣ:
- Ҳадди ақал 3 соли таҷрибаи дахлдор дар бахши коммуникатсия дар амалигардонии лоиҳаҳо ва ё барномаҳо ;
Талаботҳои вобаста ба забондонӣ
-Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ. Ба донистани забони англисӣ
бартарӣ дода мешавад.
Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):
-Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;
-Доштани таҷриба дар идоракунии вебнизомҳо бартарӣ хоҳад дошт.
Пешниҳоди дархостҳо
Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.
Шахси тамос дар Лоиҳа: Нурхон Назаров
Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org ва нусха ба суроғаи:radjabov.khursched@gmail.com ;Телефон: +992 949999180
Ҳамчунин, бастаи дархости чопшударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».
Эзоҳ: Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.