|
ДАРХОСТ БАРОИ ИЗҲОРИ ТАВАҶҶУҲ
ЛОИҲАИ БАРҚАРОРСОЗИИ УСТУВОРИ ЛАНДШАФТҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУТАХАССИС ОИД БА ХАРИД
Мӯҳлати охирин: |
03.02.2023 |
Ҷойгиршавӣ: |
Dushanbe |
Мӯҳлат: |
12 моҳ бо имкони тамдиди минбаъда |
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” -ро (ЛБУЛҶТ), ки аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ (БУ) маблағгузорӣ мешавад, амалӣ менамояд.
RESILAND CA+ як барномаи васеъ, ки лоиҳаҳои миллӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро дар бар мегирад, то ба ин кишварҳои Осиёи Марказӣ дар барқарорсозии ландшафтҳо тавассути сармоягузорӣ, таҷрибаи техникӣ ва таҷриба кӯмак расонанд. Илова ба дастгирии лоиҳаҳои миллӣ, он инчунин ба таҳкими муколамаи минтақавӣ ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои идоракунии ландшафт дар тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард. Бо дастгирии ҷамоатҳо, ҷавонон ва занони минтақаҳои наздисарҳадӣ барои бунёди иқтисоди пурқувват дар асоси ҷангалҳо ва захираҳои табиӣ, RESILAND CA+ инчунин ба баланд бардоштани устувории одамон, экосистемаҳо ва инфрасохтор ба тағирёбии иқлим мусоидат мекунад.
Ҳадафи рушди лоиҳа (ҲРЛ) аз зиёд кардани майдони идоракунии устувори ландшафт дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон ва мусоидат ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи барқарорсозии ландшафтҳои фаромарзӣ мебошад.
Вазифаҳо ва доираи хизматрасониҳо
· Амалисозии харидҳо бо истифода аз воситаи банақшагирӣ ва пайгирии хариди Бонк (STEP);
· Таҷдиди нақшаи харид ва гирифтани тасдиқи Бонк тавассути системаи STEP ва ҳуҷҷатгузории асосноккунии навсозии нақшаи харид дар СРХЛ;
· Баррасӣ, аз нав дида баромадани нақшаи харид дар асоси усулҳои мувофиқашудаи харид дар доираи Созишномаи маблағгузории лоиҳа ва Дастурамалҳои лоиҳа бо нишон додани расмиёти зина ба зина барои хариди корҳо, молҳо ва хизматрасониҳои машваратӣ, ки барои татбиқи лоиҳа заруранд;
· Таҳияи Огоҳиномаи умумӣ дар бораи харид (ОУХ), Огоҳиномаи махсус дар бораи харид (ОМХ), Дархост барои изҳори таваҷҷуҳ (ДИТ), огоҳиномаҳо ва эълонҳо дар бораи бастани шартнома тавассути STEP ва/ё дар ВАО ва сомонаҳои маҳаллӣ.
· Таҳияи ҳуҷҷатҳои харид, ҳисоботҳо оид ба арзёбӣ, шартномаҳо ва маълумот оид ба раванди харид;
· Дастгирии комиссияи қабул дар қабули мол, барасмиятдарории гумрукӣ ва дар ҳолати зарурӣ ба маҳалли ниҳоӣ расонидани мол;
· Назорат ва идоракардани рафти иҷрои шартномаҳои имзошударо якҷоя бо мутахассисони шўъбаҳои дахлдори техникии КҲМЗ;
· Мунтазам нав кардани махзани маълумот оид ба пудратчиён, таъминкунандагон ва мушовирони эҳтимолӣ;
· Нигоҳ доштани сабтҳо/файлҳои харид (ҳам дар шакли қоғазӣ ва ҳам дар шакли электронӣ);
· Омода кардани хисобот оид ба харид ва мусоидат дар таҳияи ҳисобот дар ҳолати зарурӣ;
· Таъмини он, ки ширкатҳо ё шахсони алоҳидаи фаъолияташон боздошташуда (дар сомонаи Бонки Умумиҷаҳонӣ зикр шудааст: www.worldbank.org/debarr) дар тендер иштирок накунанд ё бо чунин ширкатҳо ва шахсони воқеӣ шартнома баста нашавад;
· Баррасии шикоятҳои марбут ба харид, аз ҷумла бақайдгирии мувофиқ ва сабт, огоҳ кардани Бонки Умумиҷаҳонӣ ва омода кардани посухҳо;
· Таҳияи бахши хариди Дастури зергрант;
· Навсозии бахши хариди Дастури идоракунии лоиҳа;
· Таъмини тавсияҳо ба кормандони КҲМЗ ва лоиҳа оид ба масъалаҳои харид ва идоракунии шартнома, аз ҷумла оид ба барномаи рушди ҷомеа.
Талабот ба ихтисос ва таҷриба
Тахсилот:
· Маълумоти олӣ дар иқтисод, менеҷмент, бизнес ва идоракунӣ, ҳуқуқ.
Таҷриба:
• На камтар аз панҷ соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи харид дар доираи дастурҳои хариди Бонки умумиҷаҳонӣ ё дигар ТБС;
• Таҷрибаи касбӣ дар соҳаи харид дар доираи лоиҳаҳои рушди ҷомеа ва ташкилотҳои байналмилалии сармоягузорӣ бартарӣ хоҳад буд;
• Омӯзиши сертификатсинӣ оид ба расмиётҳои хариди байналмилалӣ, аз ҷумла расмиёти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба молҳо, корҳо ва интихоби машваратчиён;
• Дониши хуби қонун дар бораи хариди давлатӣ.
Малакаи коммуникатсионӣ ва компютерӣ:
· Малакаи истифодабурдани компютер (MS office, MS Word, MS Excel, Power point, Internet E-mail ва ғ.) ва системаи STEP ҳатмист;
· Донистани забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар сатҳи озод
Мутахассис мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои харид барои қарзгирандагони МЛС» июли соли 2016, ноябри соли 2017, июли соли 2018 ва ноябри соли 2020 интихоб карда мешавад.
Маълумоти иловагиро метавонед аз суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 аз рузи душанбе то рузи ҷумъа дастрас намоед.
Мутахассисони ҳавасманд бояд то санаи 03 феврали соли 2023 (соати 17:00 ба вақти Душанбе) 3 тавсиянома, СV ва мактуби замимакунанда бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ бо зикри номи вазифа ба суроғаи зерин (шахсон ё тавассути почтаи электронӣ) пешниҳод намоянд.
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Шамсӣ 5/1, офис 41
Tel: +992 2 36 59 72
Email: cepciptj@gmail.com