|
Дархости нархнома барои барқарорсозии корхонаи коркарди шир воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Д. Алиеви ноҳияи Файзобод
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бедонаар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди нархҳо барои барқарорсозии корхонаи коркарди шир воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Д. Алиеви ноҳияи Файзобод даъват менамояд.
Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо
Пешниҳодҳо на дертар аз 26/12/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
· Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ
· Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
· Иқтибос аз андоз/литсензия
· РМА
· Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати масолеҳи сохтмонии истифодашаванда
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ
ҲАҶМИ КОРҲО |
||||||
№ |
Номгӯи корҳо |
Воҳиди ченак
|
Миқдор |
Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ
|
Ҳамагӣ бо Сомонӣ
|
|
Барои 1 адад
|
Ҳамагӣ
|
|||||
1 |
Ҳамвор намудани фарши бом бо маҳлули қуму семент бо ғафсии 15 мм |
100 м2 |
2,8 |
|||
2 |
Ҳамворкунии фарши бом бо маҳлули семент-рег: барои ҳар як мм тағирёбии ғафсӣ ба (12-17-1) илова карда шавад |
100 м2 |
2,8 |
|||
3 |
Руйпуш намудани бом бо керамзит |
1 м3 |
28 |
|||
4 |
Ҳамвор намудани фарши бом бо маҳлули қуму семент бо ғафсии 15 мм |
100 м2 |
|
2,8 |
|
|
5 |
Ҳамворкунии фарши бом бо маҳлули семент-рег: барои ҳар як 1 мм тағирёбии ғафсӣ ба (12-17-1) илова карда шавад |
100 м2 |
|
2,8 |
|
|
6 |
Руйпуш намудани бом аз масолеҳи тайёр |
100 м2 |
|
2,8 |
|
|
7 |
Васл намудани блокҳо бо тирезаи алюминий |
100 м2 |
|
0,82 |
|
|
8 |
Васл намудани дарҳои алюминий |
100 м2 |
|
0,32 |
|
|
9 |
Васл намудани тирезаҳои витражии алюминий |
100 м2 |
|
0,71 |
|
|
10 |
Шифтҳои овезон аз Армстронг дар чаҳорчӯбаи аз профили галванӣ сохташуда |
100 м2 |
|
2,99 |
|
|
11 |
Ҳамворкунии пурраи шифтҳо аз омехтаҳои маҳлули хушки (Ротбанд) бо ғафсии 5 мм |
100 м2 |
|
2,90 |
|
|
12 |
Андова намудани деворҳои даруна аз маҳлули оҳаку қум |
100 м2 |
|
5,60 |
|
|
13 |
Ҳамвор намудани деворҳо бо гаҷ бо ғафсии 3 мм |
100 м2 |
|
5,6 |
|
|
14 |
Рангу бор намудани деворҳо бо эмулсияи обӣ |
100 м2 |
|
5,6 |
|
|
15 |
Руйпуш намудани деворҳо бо тахтасангҳои сафолӣ |
100 м2 |
|
0,351 |
|
|
16 |
Андова намудани деворҳоиберуна аз маҳлули оҳаку қум |
100 м2 |
|
2,23 |
|
|
17 |
Руйпуш намудани фасадҳо бо руйпушҳои ороишии аз хамираи минералӣ ё полимери-минералӣ то 3 мм |
100 м2 |
|
2,23 |
|
|
18 |
Расонидани масолеҳи сохтмони ба масофаи 15 км |
1т |
|
150 |
|
|
Ҳамагӣ: |
|
|
|
|
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
Пардохтҳо:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.
Рафти қабули корҳои иҷрогардида
Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.