|
Дархости пешниҳоди хизматрасониҳо барои таҳияи GIS (харитасозӣ), ҷамъоварии маълумот ва омӯзиш
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағжиши замин бештар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Дар доираи Лоиҳаи мазкур ташкилотҳо, ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои соҳибихтисос ё мушовирони инфиродӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳо даъват карда мешаванд.
Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо
Пешниҳодҳо на дертар аз 25/10/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
· Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат
· Қайд ва Оинномаи ширкат
· Литсензия барои гузаронидан ва ё иҷро намудани корҳои марбута ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
· Иқтибос аз андоз/литсензия
· РМА
· Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будани дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Таҷрибаи корӣ дар самти таҳияи GIS, ҷамъоварии маълумот ва омӯзиш
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Ҳамлу насби маълумот дар самтҳои лозимаи Лоиҳа
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
Пардохтҳо:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.
Рафти қабули корҳои иҷрогардида
Мутасадиёни техникии Лоиҳа рафти корҳои иҷрогардидаистодаро мавриди баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор медиҳанд. Онҳо ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар рафти корҳо нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ ва баҳогузорӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул намуда, маблағгузориро ба роҳ монда мемонад.