|
Дархости пешниҳодҳо алоқаманд ба азанавсозии чоҳи амудӣ воқеъ дар деҳаи Саидназар Худойқулови Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳо ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳодҳо алоқаманд ба азанавсозии чоҳи амудӣ воқеъ дар деҳаи Саидназар Худойқулови Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён даъват менамояд.
Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо
Пешниҳодҳо на дертар аз 11/10/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
· Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ
· Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
· Иқтибос аз андоз/литсензия
· РМА
· Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати масолеҳи сохтмонӣ
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ
ҲАҶМИ КОРҲО |
||||||
№ |
Номгӯи корҳо |
Воҳиди ченак
|
Миқдор |
Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ
|
Ҳамагӣ бо Сомонӣ
|
|
Барои 1 адад
|
Ҳамагӣ
|
|||||
1 |
Пармакунии гардишии чоҳҳо бо обшӯии бевосита бо истифодаи дастгоҳҳо дорои муҳаррики дизелӣ ба чуқурии то 70 м дар хокҳои гурӯҳи 3-юм |
100м |
0,06 |
|
|
|
2 |
Пармакунии гардишии чоҳҳо бо обшӯии бевосита бо истифодаи дастгоҳҳо дорои муҳаррики дизелӣ ба чуқурии то 100 м дар хокҳои гурӯҳи 7-ум |
100м |
0,64 |
|
|
|
3 |
Коркарди хок бо таври дастӣ |
100м3 |
|
0,05 |
|
|
4 |
Ҳамвор намудани майдон бо таври дастӣ |
1000м2 |
|
0,01 |
|
|
5 |
Мустаҳкамкунии чоҳҳо ҳангоми пармакунии гардишӣ бо қубурҳои пайвасти кӯпала, чуқурии чоҳ - то 70 м, устувории гурӯҳи хок - 1 |
10м |
|
7,0 |
|
|
6 |
Тайёр намудани филтрҳо аз қубури металлӣ бо давраи кории Ø-0,2-0,25 сӯрохиҳои 10-12мм дар сӯрохиҳои қубурҳои Ø-273мм |
1 тон |
|
0,71 |
|
|
7 |
Ҷойгиркунии филтрҳо дар сутунҳои қубурҳои оббардор ҳангоми пармакунии дар чуқурии чоҳ то 150 м |
10м |
|
5,0 |
|
|
8 |
Обкашӣ барои таҷриба/омӯзиш |
рӯз |
|
2,0 |
|
|
9 |
Сементкунонии фазои ҳалқашакл бо сарфи омезиши хушк барои 1 м қисми сементкунандаи чоҳ то 400 кг ё зиёда аз 400 кг, ҳангоми пармакунии гардишӣ чуқурии сутуни сементкунанда то 50 м |
1 сутун |
|
1,0 |
|
|
10 |
Обкашӣ аз чоҳ бо эрлифт ҳангоми пармакунии гардишӣ, чуқурии чоҳ то 150 м |
рӯз |
|
2,0 |
|
|
11 |
Гузаронидани корҳои кимиёвӣ-таҳлилии чоҳ |
рӯз |
|
2,0 |
|
|
12 |
Кандани хандақҳо тавассути экскаваторҳои зарфияти ковшашон 0,65 (0,5-1) м3, гурӯҳи 2-юми хок |
1000 м3 |
|
0,02 |
|
|
13 |
Коркарди замин ба таври дастӣ |
100 м3 |
|
0,1 |
|
|
14 |
Тайёр намудан ва рехтани бетон |
100 м3 |
|
0,02 |
|
|
15 |
Тайёр намудани деворҳои ҳамвор ва қаъри ҷуйбор аз бетони M200 бо ғафсии 200 мм, баландӣ 1м |
100 м3 |
|
0,12 |
|
|
16 |
Насби конструксияҳои оҳание, ки дар дохили бетон мемонанд |
т |
|
0,5 |
|
|
17 |
Кашонидани масолеҳи сохтмонӣ дар масофаи то 205 км бо мошинаи борбардор иқтидораш 25т |
т |
|
27 |
|
|
|
Ҳамагӣ: |
|
|
|
|
|
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
Пардохтҳо:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.
Рафти қабули корҳои иҷрогардида
Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.