|
Дархости пешниҳодҳо алоқаманд ба азнавсозии ҳавзҳои моҳӣ барои рушди моҳипарварӣ воқеъ дар мавзеи Чойпараки Ҷамоати деҳоти Ҷура Назарови ноҳияи Шаҳритус
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳо ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳодҳо алоқаманд ба азанавсозии ҳавзҳои моҳӣ барои рушди моҳипарварӣ воқеъ дар мавзеи Чойпараки Ҷамоати деҳоти Ҷура Назарови ноҳияи Шаҳритус даъват менамояд.
Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо
Пешниҳодҳо на дертар аз 11/10/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
· Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ
· Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
· Иқтибос аз андоз/литсензия
· РМА
· Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати масолеҳи сохтмонӣ
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ
ҲАҶМИ КОРҲО |
||||||
№ |
Номгӯи корҳо |
Воҳиди ченак
|
Миқдор |
Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ
|
Ҳамагӣ бо Сомонӣ
|
|
Барои 1 адад
|
Ҳамагӣ
|
|||||
1 |
Кандани канал ва сохтмони девори он бо скреперҳои зарфияти ковшашон 4,5м3 тариқи ҳамвор кардани хок то 100м дар чуқрии 2м |
1000м3 |
|
21,2 |
|
|
2 |
Коркарди хок бо бор кардан ба мошинаҳои боркаш тавассути экскаваторҳои зарфияти ковшашон 1,25 (1,25-1,5) м3, гурӯҳи 2-юми хок |
1000м3 |
|
3,5 |
|
|
3 |
Коркарди хок бо таври дастӣ |
100м3 |
|
5 |
|
|
4 |
Кандани хандақҳо тавассути экскаваторҳои зарфияти ковшашон 0,65 (0,5-1) м3, гурӯҳи 2-юми хок |
1000м3 |
|
0,15 |
|
|
5 |
Коркарди хок бо таври дастӣ |
100м3 |
|
0,2 |
|
|
6 |
Дастӣ пур кардани хандакҳо, чуқуриҳо бо хоки гӯруҳи 2-юми хок |
100м3 |
|
1,5 |
|
|
7 |
Хобонидани қубурҳои полиэтиленӣ қутурашон 250мм |
км |
|
0,16 |
|
|
8 |
Кашонидани хок дар масофаи то 2 км бо мошинаи борбардор иқтидораш 25т |
т |
|
1600 |
|
|
|
Ҳамагӣ: |
|
|
|
|
|
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
Пардохтҳо:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.
Рафти қабули корҳои иҷрогардида
Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.