Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Дархости пешниҳоди нарху таснифот барои 2 дона таҷҳизоти сайёри коркарди партовҳо/лампаҳои симобдор 23.09.2022

    Дархости пешниҳоди нарху таснифот барои 2 дона таҷҳизоти сайёри коркарди партовҳо/лампаҳои симобдор

    Дархости пешниҳоди нарху таснифот барои 2 дона таҷҳизоти сайёри коркарди партовҳо/лампаҳои симобдор

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардодонаани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағшиши замин бештар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.

    Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони инфиродиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои дастраскунии 2 дона таҷҳизоти сайёри коркарди партовҳо/лампаҳои симобдор даъват менамояд.

    Шакл ва мӯҳлати пешниҳодҳо

    • Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи почтаи электронӣ: “nurkhon.nazarov@undp.org”; ва “radjabov.khursched@gmail.com” фиристонида шаванд ва ё мустақиман дар лифофаи мӯҳрзадашуда ба Лоиҳа воқеъ дар бинои КҲМЗ, кӯчаи Шамсӣ 5/1 Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» дастрас карда шаванд.

     

    Пешниҳодҳо на дертар аз 06/10/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.

    • Пешниҳодҳое, ки пас аз сана ва вақти болозикр пешниҳод мегарданд, қабул карда намешаванд.
    • Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефони (+99) 2367655 аз соати 09:00-17:00 то 06/10/2022 дар тамос шавед.

     

    Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони инфиродӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

    ·         Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳо ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ

    ·         Шаҳодатномаи пайдоиш ва мутобиқати мол ба талаботи давлат (аз мақомоти дахлдори давлатӣ)

    ·         Иқтибос аз андоз/литсензия

    ·         РМА

    ·         Гардиши молиявӣ/тавозуни ширкат ва ё корхона

    ·         Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

    Қайд: Иқтидори истеҳсолии таҷҳизоти сайёри коркарди партовҳо/лампаҳои симобдор бояд на камтар аз 5 тонна дар 8 соати корӣ бошад.

    1

    Интизор меравад, ки ҳавасмандон ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.

    Баҳогузорӣ

       

    Пешниҳодҳо аз ҷониби Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

    ·         Таҷрибаи корӣ дар самти дастраскунӣ ва хизматрасониҳои алоқаманд дар бахши васл ва омӯзонидани корбарии технологияҳои муосир

    ·         Нархи умумӣ

    ·         Сифати таҷҳизоти пешниҳодшаванда

    ·         Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа

    ·         Ҳамлу нақли таҷҳизот ба мавқеи ҷойгиршавии Лоиҳа

     

    Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо

    • Нархҳои пешниҳодшаванда бошад, бояд тамоми пардохтҳои ҳатмиро дар бар гиранд.

    Лутфан дар сатри мавзӯъи почтаи электронӣ ва ё болои лифофа: “Пешниҳоди нарху таснифот барои 2 дона таҷҳизоти сайёри коркарди партовҳо/лампаҳои симобдор” нависонда шавад.

     

    Пардохтҳо:

    Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.

     

    Рафти қабули таҷҳизот

    Мутасадиёни Лоиҳа таҷҳизоти пешниҳодгардидаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳангоми муайян кардани ягон камбудӣ, мизоҷ вазифадор ҳаст, ки онҳоро ба таври фаврӣ ислоҳ намояд.


    Бозгашт