Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Дархости нархнома барои сохтмони корхонаи коркарди мева воқеъ дар деҳаи Лучоби ҷамоати Лучоб, ноҳияи Варзоб 04.08.2022

    Дархости нархнома барои сохтмони корхонаи коркарди мева воқеъ дар деҳаи Лучоби ҷамоати Лучоб, ноҳияи Варзоб

    Дархости нархнома барои сохтмони корхонаи коркарди мева воқеъ дар деҳаи Лучоби ҷамоати Лучоб, ноҳияи Варзоб

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бедонаар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.

    Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди нархҳо барои сохтмони корхонаи коркарди мева воқеъ дар деҳаи Лучоби ҷамоати Лучоб, н. Варзоб даъват менамояд.

    Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо

    • Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org  фиристонида шаванд ва ё мустақиман ба Лоиҳа воқеъ дар КҲМЗ, кӯчаи Шамсӣ 5/1 Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» дастрас карда шаванд.

    Пешниҳодҳо на дертар аз 17/08/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.

    • Пешниҳодҳое, ки пас аз сана ва вақти болозикр пешниҳод мегарданд, қабул карда намешаванд.
    • Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефони (+99) 2367655 аз соати 09:00-17:00 то 17/08/2022 дар тамос шавед.

    • Ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ метавонанд мавзеъро дар таърихи 11 ва 12 августи соли 2022 аз соати 10:00 то 12:00 аз назар гузаронанд. Телефон барои тамос:     +992 985887675  

     Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

    ·         Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ

    ·         Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

    ·         Иқтибос аз андоз/литсензия

    ·         РМА

    ·         Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона

    ·         Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

    Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.

    Баҳогузорӣ

       

    Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

    ·         Нархи умумӣ

    ·         Сифати масолеҳи сохтмонии истифодашаванда

    ·         Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа

    ·         Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ

    ҲАҶМИ КОРҲО

     Номгӯи корҳо

    Воҳиди ченак

    Миқдор

    Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ

    Ҳамагӣ бо Сомонӣ

    Барои 1 адад

    Ҳамагӣ

    1

    Тайёр намудан ва рехтани таҳкурсии ҳамвор аз бетони В15

    100 м3

    0,05

    2

    Тайёр намудан ва рехтани  пойдевории тасмашакл аз бетони В15

    100 м3

    0,24

    3

    Гидроизолятсияи болои таҳкурсӣ бо маҳлули сементӣ 1:2

    100 м2

    0,13

    4

    Чиндани деворҳо аз ғишт (семблок)

    м3

    28,8

    5

    Аз оҳану бетон рехтани сутунҳо аз бетони В15

    100 м3

    0,032

    6

    Аз оҳану бетон рехтани тасмаҳои сейсмикӣ аз бетони В15

    100 м3

    0,0384

    7

    Аз оҳану бетон рехтани шифти бино бо ғафсии то 200мм

    100 м3

    0,12

    8

    Тайёр ва ҳамвор намудани фарш аз бетони В15

    100 м3

    0,1

    9

    Насб кардани тирезаҳои пластикӣ

    100м2

    0,15

    10

    Насб кардани дарҳои пластикӣ

    100м2

    0,1

    11

    Андова намудани қисмати даруни деворҳо бо маҳлули семент ва оҳак

    100м2

    1,3

    12

    Андова намудани қисмати берунаи деворҳо бо маҳлули семент ва оҳак

    100м2

    0,76

    13

    Ҳамвор намудани қисмати даруна ва берунаи деворҳо бо ғафсиии 4мм

    100 м2

    2,06

    14

    Рангу бор намудани деворҳои дохилию беруна бо эмулсия

    100 м2

    2,06

    15

    Насби стропилҳо

    1 м3

    2,5

    16

    Насб намудани элементҳои каркас (рафҳо, пояҳои диагоналӣ, пайвастҳо, пойдеворҳо (мауэрлат))

    1 м3

    0,3

    17

    Муҳофизати конструксияҳои чӯбӣ аз сӯхтор

    10 м3

    0,4

    18

    Бомпӯш намудани иншоот аз плиткаҳои металӣ (металочерепица)

    100 м2

    1,55

    19

    Ҳамвор намудани шифт

    100 м2

    0,5

    20

    Рангу бор намудани шифт бо эмулсия

    100 м2

    0,5

    21

    Ҳамворкунӣ фарш аз маҳлули сементу қум, ғафсиаш 20мм

    100 м2

    0,88

    22

    Рӯйпуш намудани фарш аз серанит

    100 м2

    0,88

    23

    Рӯйпуш намудани фарш аз пластика

    100 м2

    0,5

    24

    Корхои электрикӣ

    Воқеӣ

    Воқеӣ

    25

    Таҷҳизот барои шустушӯй ва хушк намудани мева

    Баста

    2

    Ҳамагӣ:  

    Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо

    • Нархҳои пешниҳодшаванда бояд тамоми пардохтҳои ҳатмиро дар бар гиранд.
    • Нишон додани муҳлати иҷрои корҳо
    • Лутфан дар сатри мавзӯъи почтаи электронӣ ва ё болои лифофа: “Сохтмони корхонаи коркарди мева воқеъ дар деҳаи Лучоби ҷамоати Лучоб, н. Варзоб” нависонда шавад.

    Пардохтҳо:

    Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.

    Рафти қабули корҳои иҷрогардида  

    Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.


    Бозгашт