Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Дархости нархнома барои барқарорсозии кӯпрук воқеъ дар ҷамоати Ромит-и шаҳри Ваҳдат 24.05.2022

    Дархости нархнома барои барқарорсозии кӯпрук воқеъ дар ҷамоати Ромит-и шаҳри Ваҳдат

    Дархости нархнома барои барқарорсозии кӯпрук воқеъ дар ҷамоати Ромит-и шаҳри Ваҳдат

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳо ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.

    Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди нархҳо барои барқарорсозии купрук воқеъ дар ҷамоати Ромит-и ш. Ваҳдат даъват менамояд.

    Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо

    • Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org фиристонида шаванд ва ё мустақиман ба Лоиҳа воқеъ дар КҲМЗ, кӯчаи Шамсӣ 5/1 Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» дастрас карда шаванд.

    Пешниҳодҳо на дертар аз 07/06/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.

    • Пешниҳодҳое, ки пас аз сана ва вақти болозикр пешниҳод мегарданд, қабул карда намешаванд.
    • Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефони (+99) 2367655 аз соати 09:00-17:00 то 07/06/2022 дар тамос шавед.

     

    • Ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ метавонанд мавзеъро дар таърихи 27 ва ё 30 майи соли 2022 аз соати 10:00 то 12:00 аз назар гузаронанд. Телефон барои тамос: +992 935366677

     

    Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

    ·         Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ

    ·         Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

    ·         Иқтибос аз андоз/литсензия

    ·         РМА

    ·         Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона

    ·         Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

     

    Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.

    Баҳогузорӣ

       

    Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

    ·         Нархи умумӣ

    ·         Сифати масолеҳи сохтмонӣ ва ниҳолҳои истифодашаванда

    ·         Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа

    ·         Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ

        

    ҲАҶМИ КОРҲО

    Номгӯи корҳо

    Воҳиди ченак

     

    Миқдор

    Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ

    Ҳамагӣ бо Сомонӣ

    Барои 1 адад

     

    Ҳамагӣ

    1

    Кандани конструксияҳои рӯйпӯшҳои оҳанӣ

    тн

    13,8

     

     

     

     

     

     

    2

    Васл намудани болои иншоотҳои пӯлодии овезон ва ё нимовезони кӯпрукҳо бо дарозии то 66 м

    тн

    6,2

     

     

     

     

     

    3

    Кафшери камоншакл ҳангоми васли конструксияҳои оҳанӣ (фермаҳо, болорҳо)

    тн

    30

     

     

     

     

     

     

     

     

     

    4

    Буридани қабатҳои рӯйпӯшҳои пӯлодӣ

    тн

     

    23,2

     

     

     

     

     

     

     

     

     

    5

    Пӯшондани қисми роҳгузари кӯпрук аз пӯлоди ғафсиаш 10 см

    м2

     

    280,0

     

     

     

     

     

     

     

     

     

    6

    Шинонидани сутунҳои қубурӣ бо д-40, васл намудани панҷараҳо бо симтурҳои сурохишон бо андозаи 20x10мм H-1,5m, ва кашидани арматураҳо дар 2 қатор д-6,0мм қад-қади сутунҳои оҳанӣ

    м

     

    100

     

     

     

     

     

     

     

     

     

    7

    Гузаронидани корҳои ибтидоии конструксияҳои оҳанӣ (грунтовка)

    м2

     

    450,0

     

     

     

     

     

     

     

     

     

    8

    Рангу бори рӯйпӯшҳои оҳанӣ

    м2

     

    450,0

     

     

     

     

     

     

    9

    Кашонидани масолеҳи сохтмонӣ дар масофаи то 60 км бо мошинаи борбардор иқтидораш 15т

    т

     

    40

     

     

     

     

     

     

     

     

     

    Ҳамагӣ:

     

     

     

     

     

     

    Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо

    • Нархҳои пешниҳодшаванда бояд тамоми пардохтҳои ҳатмиро дар бар гиранд.
    • Нишон додани муҳлати иҷрои корҳо
    • Лутфан дар сатри мавзӯъи почтаи электронӣ ва ё болои лифофа:“Нархнома барои барқарорсозии кӯпрук воқеъ дар ҷамоати Ромит-и ш. Ваҳдат” нависонда шавад.

     

    Пардохтҳо:

    Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.

     

    Рафти қабули корҳои иҷрогардида

    Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.


    Бозгашт