|
Дархости нархнома барои барқарорсозии купрук воқеъ дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати Чорбоғ, ноҳияи Варзоб
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бедонаар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди нархҳо барои барқарорсозии купрук воқеъ дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати Чорбоғ, н. Варзоб даъват менамояд.
Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо
Пешниҳодҳо на дертар аз 31/05/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
· Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ
· Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
· Иқтибос аз андоз/литсензия
· РМА
· Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати масолеҳи сохтмонӣ ва ниҳолҳои истифодашаванда
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ
ҲАҶМИ КОРҲО |
|||||||||||||
№ |
Номгӯи корҳо |
Воҳиди ченак
|
Миқдор |
Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ
|
Ҳамагӣ бо Сомонӣ
|
||||||||
Барои 1 адад
|
Ҳамагӣ
|
||||||||||||
Фасл/бахши 1. Корҳои заминӣ |
|||||||||||||
1 |
Дастӣ кандани чуқуриҳо бе мустаҳкам намудани рафҳо ва сутунҳо бо нишебии то 1,5 м, гурӯҳи хоки 3 |
100 м3 хок |
|
0,02 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
2 |
Кандани хандакҳо то 2 м чуқурӣ бе мустаҳкам намудани бастаҳо, гурӯҳи хоки 4 |
100 м3 хок |
|
0,3 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
||||||||
|
Фасли 2. Корҳои бетонӣ |
|
|
|
|
|
|||||||
1 |
Рехтани таҳкурсии оҳану бетонии таъиноти умумӣ барои сутунҳо то дар ҳаҷми 5 м3: |
100 м3 |
|
0,12 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
2 |
Рехтани таҳкурсии оҳану бетонии таъиноти умумӣ бо зерсутунҳо баландии аз 4 то 10 м |
100 м3 |
|
0,22 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
Фасли 3. Конструксияҳои оҳании купрук |
|
|
|
|
|
||||||||
1 |
Насб кардани қубурҳои оҳанӣ диаметрашон 219 мм то баландии 4 м |
дона |
|
8 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
2 |
Васл намудани конструксияи купрук аз швелери № 20 бо кашидани панҷараҳо аз симҳои пулодӣ (трос) |
м |
|
100,0 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
3 |
Корҳои кафшерӣ ҳангоми васли сохторҳо бо ҳам (конструксияҳо) дар маҷмӯъ |
м |
|
100 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
||||||||
4 |
|
м |
|
600 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
|
Фасли 4 корҳои рангуборкунӣ ва ободонӣ |
|
|
|
|
|
|||||||
1 |
Як маротиба пӯшонидани сатҳи болоии металҳо бо ГФ-021 |
м2 |
|
70 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
2 |
Насб кардани чаҳорчӯба аз панҷараҳои чӯбӣ барои пӯшонидани фаршҳо |
м2 |
|
75 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
3 |
Пӯшонидани фаршҳо аз тахтаҳои ғафсиашон 50 мм |
м2 |
|
75 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
4 |
2 маротиба рангу бор намудани қабати болоии металҳо |
м2 |
|
70 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
5 |
Омода намудани фаршҳо |
м2 |
|
75 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
6 |
Рангу бор намудани фаршҳо бо рангҳои равғанӣ |
м2 |
|
75 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
7 |
Тайёр намудани роҳравҳо ва майдончаҳо аз шағал бо ғафсии то 18 см |
м2 |
|
40 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
8 |
Ҳамвор намудани роҳравҳо ва майдончаҳо аз бетон то 120 мм |
м2 |
|
40 |
|
|
|||||||
|
|
|
|
|
|
|
|||||||
9 |
Кашонидани масолеҳи сохтмонӣ тавассути техникаи борбардорӣ то 25 тонна ба масофаи то 30 км. |
тн |
|
90 |
|
|
|||||||
|
Ҳамагӣ: |
|
|
|
|
|
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
Пардохтҳо:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.
Рафти қабули корҳои иҷрогардида
Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.