|
Дархости нархнома барои панҷарагирӣ ва кабудизоркунии мавзеъ дар деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ (ФА) маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рух медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди нархҳо барои панҷарагирӣ ва кабудизоркунии мавзеъ дар деҳаи Ҷангалаки н. Варзоб даъват менамояд.
Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо:
Пешниҳодҳо на дертар аз 16/05/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
· Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ
· Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
· Иқтибос аз андоз/литсензия
· РМА
· Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати масолеҳи сохтмонӣ ва ниҳолҳои истифодашаванда
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ
ҲАҶМИ КОРҲО |
||||||
№ |
Номгӯи корҳо |
Воҳиди ченак
|
Миқдор |
Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ
|
Ҳамагӣ бо Сомонӣ
|
|
Барои 1 адад
|
Ҳамагӣ
|
|||||
Конструктсияи оҳанӣ ва девор аз симтур |
||||||
1 |
Шинонидани сутунҳои қубурӣ бо д-40 Н-2м дар масофаи 2м, васл намудани панҷараҳо бо симтурҳои сурохишон бо андозаи 80x80мм H-1,5m, ва кашидани симхор дар 1 қатор ва арматураи д-6,0мм қад-қади сутунҳои оҳанӣ |
100м |
7,95 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
2 |
Тайёр намудани даричаҳо аз конструктсияи оҳанӣ бо андозаи (1х1,5м=4дона) аз қубурҳои чоркунҷаи оҳанӣ бо андозаи 40х20мм ва дохилӣ бо андозаи 20х20мм дар масоҳати то 100мм) |
1 т |
|
0, 234 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
3 |
Насбу васли даричаҳои металлӣ |
1м2 |
|
12,0 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Кабудизоркунӣ |
|
|
|
|
|
|
1 |
Бо таври дастӣ омода намудани ҷойҳои стандартии ниҳолшинонӣ барои дарахтон бо хокашон ба андозаи 0,5x0,4 м ои лова кардани хоки растанӣ то 25% |
10 чоҳ |
|
29 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
2 |
Шинонидани дарахтон ва буттаҳо бо хокашон ба андозаи 0,5x0,4 м |
10 дона |
|
29 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
3 |
Нигоҳубини дарахтон ё буттаҳо бо хокҳояшон бо андозаи 0,5x0,4 м |
10 дона |
|
29 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Хароҷоти мошинҳо бо зарфияти борбардории 6 тоннагӣ дар масофаи 20 км ҳангоми арзиши сӯзишворӣ 10,5 Сомонӣ |
т/км |
|
70 |
|
|
4 |
Қубури андозаи д-25мм барои обмонӣ |
м |
|
600 |
|
|
|
Ҳамагӣ: |
|
|
|
|
|