|
Эълон барои ишғоли вазифаи ронанда ва механики Лоиҳа
Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ
Вазифа: Ронанда ва механики Лоиҳа (Реҷа: рӯзи кории пурра)
Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538
Соҳаи амалия – Тавсифи кор: Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: 30.03.2022 (чоршанбе, соати 17:00-и вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)
Навъи шартнома: Инфиродӣ
Муҳлати амали шартнома: 3 моҳ бо имконияти тамдиди он
Маълумоти умумӣ
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Ронанда ва механики Лоиҳа мустақиман ба менеҷери Лоиҳа (МЛ) ҳисобот медиҳад. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона ба кормандони Лоиҳа кӯмак менамояд.
Ронанда ва механики Лоиҳа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист, инчунин бо барномаҳо, амалиётҳо ва дигар дастаҳои Лоиҳа ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳо, пешгӯӣ ва ҳалли масъалаҳои Лоиҳа кор хоҳад кард. Интизор меравад, ки шахси дархосткунанда қоидаҳои барномавӣ, муқаррарот, сиёсатҳо ва стратегияҳои БРСММ/КҲМЗ-ро комилан риоя менамояд.
Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо
Таҳти назорат ва роҳнамоии умумии МЛ, корманди масъул масъулиятҳои зеринро иҷро менамояд:
· Мувофиқи қоидаҳои таъминоти моддию техникии мавҷуда, воситахои нақлиётро идора мекунад;
· Тавассути рондани воситаҳои нақлиёти идоравӣ барои интиқоли кормандон, шахсони мансабдор ва меҳмонон, интиқолу гирифтани ҳуҷҷатҳо ва дигар ашёҳо хизматрасониҳои боэътимод ва бехатари ронандагӣ пешкаш менамояд;
· Корбариҳои маъмурӣ алоқаманд ба хизматрасониҳо техникии автомашинаҳои Лоиҳаро пеш мебарад;
Шахсони масъул ва меҳмононро дар фурудгоҳ пешвоз мегирад ва дар ҳолати зарурӣ бо тартиб додани дигар расмиётҳо ва масъалаҳои корбарии техникӣ низ кӯмак мерасонад ва ғ;
Салоҳиятҳо
Таҳсилот:
- Маълумоти миёна ё касбии техникӣ. Дорои шаҳодатномаи ронандагӣ бошад.
Талаботҳои вобаста ба забондонӣ:
- Равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Ба донистани забони англисӣ бартарӣ дода мешавад.
Дигар:
- Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои дидашавандаи роҳбарии даста ва малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ.
- Дараҷаи баланди банақшагирӣ, малакаҳои ташкилӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан дар зери фишор барои иҷро кардани кор дар муҳлатҳои маҳдуд.
- Қобилияти зуд мутобиқ шудан ба тағйирот ва ором нигоҳ доштани худ дар зери фишор;
- Доштани ҳисси қавии мустақил ва поквиҷдон будан муҳим аст;
- Маҳорати муошират ва гузоришдиҳӣ ва қобилияти кор кардан дар даста.
Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):
-Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;
Пешниҳоди дархостҳо
Номзадҳо метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.
Шахси тамос дар Лоиҳа: Нурхон Назаров;
Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org
Телефон: +992 949999180
Ҳамчунин, бастаи дархости чопшударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».