Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Пешниҳодҳои нархҳо барои харидории ниҳол, нуриҳои минералӣ ва дастраскунии онҳо 09.03.2022

    Пешниҳодҳои нархҳо барои харидории ниҳол, нуриҳои минералӣ ва дастраскунии онҳо

    Пешниҳодҳои нархҳо барои харидории ниҳол, нуриҳои минералӣ ва дастраскунии онҳо

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ (ФА) маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рух медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад. 

    Лоиҳа ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди нархҳо барои харидории ниҳол, нуриҳои минералӣ ва дастраскуни онҳо даъват менамояд.

    Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

    Пешниҳодҳо бояд дар лифофаҳои мӯҳршуда, тавассути хаткашон (курьер) ё шахсан на дертар аз 23.03.2022 соати 17:00 ба суроғаи зерин дастрас карда шаванд:

    кӯчаи Шамсӣ 5/1

    ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»

    Таъминкунанда бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад

    ·         Сертификат барои истифодаи замин ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳибмулк

    ·         Иқтибос аз андоз/литсензия

    ·         РМА

    ·         Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

    Интизор меравад, ки таъминкунандагон ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.

    Кушодани пешниҳодҳо

    Лифофаҳо дар ҳузури аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида ва ёвари бахши хариди Лоиҳа кушода мешаванд.

    Баҳогузорӣ

    Лоиҳа ӯҳдадор нест, ки ҳамаи молҳои иловагии дар варақаи мушаххасот номбаршударо қабул кунад.

       

    Пешниҳодҳо аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

    ·         Нархи умумӣ

    ·         Сифати ниҳол ва нуриҳои миниралӣ

    ·         Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа

    ·         Ҳамлу нақли ниҳолҳо ва нуриҳои миниралӣ то ҷойи лозима


    Номгӯ

       Миқдор

      Нарх барои 1 дона  бо Сомонӣ

     Нархи умумӣ бо Сомонӣ

    1

     Ниҳоли дарахти Санавбар (Сосна)

     2 000 дона 

    2

     Нуриҳои миниралӣ  барои шинонандани ниҳоли Санавбар (Сосна)  

    ± 4 тонна

    Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо

      • Нархи ниҳолҳо ва нуриҳои минералӣ бояд тамоми андозҳои ҳатмиро дар бар гирад.
      • Пардохт танҳо тавассути интиқоли бонк анҷом дода мешавад.
      • Нишон додани муҳлати иҷрои фармоиш
               Лутфан дар болои лифофа: Пешниҳоди тиҷоратӣ барои харидории ниҳол, нуриҳои миниралӣ ва дастраскуни онҳо              навишта шавад.

    ТАЛАБОТ НИСБАТИ ДАСТРАСКУНӢ

    • Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд арзиши интиқол то дафтари Лоиҳа дар  ш. Душанбе воқеъ бударо дар бар гирад

    ШАКЛ ВА МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОД

      • Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд ба Лоиҳа воқеъ дар КҲМЗ, кӯчаи Шамсӣ 5/1 фиристода шавад.
      Пешниҳодҳо на дертар аз 23/03/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
      Пешниҳодҳое, ки пас аз ин сана ва вақт пешниҳод мегарданд, қабул карда намешаванд.Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба телефони (+992) 94 9999180 ё почтаи электронии nurkhon.nazarov@undp.org дар тамос шавед.

    Пардохт:

    Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби молрасон тавассути бонк гузаронида мешаванд. Пардохтҳо пас аз қабули таҷҳизот аз ҷониби намояндагони Лоиҳа ва ҳангоми гирифтани варақаи аслӣ ва ҳисобнома-фактура анҷом дода мешаванд.

    Дастраскунӣ ва тафтиши мол

    Намояндагони Лоиҳа таҷҳизотҳои технологияи иттилоотиро баррасӣ мекунад. Таҷҳизотҳои технологияи иттилоотӣ дар макони интиқоли таъиншудаи Лоиҳа баррасӣ мешавад. Намояндаи Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳо медиҳад ё номувофиқатиро дар таҷҳизотҳои технологияи иттилоотии таъминкунанда нишон медиҳад. Агар ҳангоми тафтиши таҷҳизот муайян карда шавад, ки таҷҳизотҳои технологияи иттилоотии расонидашуда, ба талаботи шартнома мувофиқат мекунад, Лоиҳа таҷҳизотҳоро қабул мекунад.

     


    Бозгашт