|
Пешниҳоди нархҳо барои хизматрасониҳои чопӣ
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ (ФА) маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рух медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Лоиҳа ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои иштирок дар асоси озмун барои расонидани хизматрасониҳои чопии дарозмуддат даъват менамояд.
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Пешниҳодҳо бояд дар лифофаҳои мӯҳршуда, тавассути хаткашон (курер) ё шахсан на дертар аз 30.03.2022 соати 17:00 ба суроғаи зерин дастрас карда шаванд:
кӯчаи Шамсӣ 5/1
ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»
Таъминкунанда бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад
· Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ширкат/литсензияи андоз
· РМА
· Шаҳодатномаи пайдоиш ва мутобиқати мол ба талаботи давлат (аз мақомоти дахлдори давлатӣ)
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ
Интизор меравад, ки таъминкунандагон ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Кушодани пешниҳодҳо
Лифофаҳо дар ҳузури аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида ва ёвари бахши хариди Лоиҳа кушода мешаванд.
Баҳогузорӣ
Лоиҳа ӯҳдадор нест, ки ҳамаи молҳои иловагии дар варақаи мушаххасот номбаршударо қабул кунад.
Пешниҳодҳо аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати чоп
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Имконияти расонидани мол то ҷойи лозима
Nº |
Мол |
Миқдор |
Формат |
Нарх барои 1 дона |
Асъор |
1 |
Чопи лазерии сиёҳ (1+0) дар коғази 80 гр |
1-100 |
А4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
2 |
Чопи лазерии сиёҳ (1+0) дар коғази 80 гр |
100-200 |
А4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
1 |
Чопи лазерии сиёҳ (1+0) дар коғази 160 гр |
1-100 |
А4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
3 |
Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 80 гр |
1-100 |
А4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
4 |
Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 80 гр |
100-200 |
А4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
|
Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 160 гр |
1-100 |
А4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
5 |
Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 80 гр |
1-100 |
А3 (297-420) |
|
Сомонӣ |
6 |
Чопи лазерии ранга (4+0) дар коғази 80 гр
|
1-100 |
A4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
7 |
Чопи лазерии ранга (4+0) дар коғази 80 гр
|
1-100 |
A3 (297-420) |
|
Сомонӣ |
8 |
Чопи лазерии сиёҳ (1+0) дар коғази 80 гр бо муқоваи пластикӣ |
1-100 |
A4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
9 |
Чопи лазерии сиёҳ (1+0) дар коғази 80 гр бо муқоваи оҳанӣ |
1-100 |
A4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
10 |
Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 80 гр бо муқоваи пластикӣ |
1-100 |
A4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
|
Чопи қатрагии (струйная) ранга (4+0) дар коғази 80 гр бо муқоваи оҳанӣ |
1-100 |
A4 (210-297) |
|
Сомонӣ |
10 |
Корти тоҷирӣ 1+1 сиёҳу сафед |
50 |
|
|
Сомонӣ |
11 |
Корти тоҷирӣ 1+1 ранга |
50 |
|
|
Сомонӣ |
12 |
Буклет 4+4 |
1 |
|
|
Сомонӣ |
13 |
Флаер 4+4 |
1 |
|
|
Сомонӣ |
14 |
Сертификатҳо А4 |
1 |
|
|
Сомонӣ |
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
ТАЛАБОТ НИСБАТИ ДАСТРАСКУНӢ
ШАКЛ ВА МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОД
Пешниҳодҳо на дертар аз 30/03/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Пардохт:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби молрасон тавассути бонк гузаронида мешаванд. Пардохтҳо пас аз қабули маҳсулот аз ҷониби намояндагони Лоиҳа ва ҳангоми гирифтани варақаи аслӣ ва ҳисобнома-фактура анҷом дода мешаванд.
Дастраскунӣ ва тафтиши мол:
Намояндагони Лоиҳа молҳои расонидашударо баррасӣ мекунад. Молҳо дар макони интиқоли таъиншудаи Лоиҳа баррасӣ мешаванд. Намояндаи Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳо медиҳад ё номувофиқатиро дар сифату миқдори молҳои таъминкунанда нишон медиҳад. Агар ҳангоми тафтиши молҳо муайян карда шавад, ки онҳо ба талаботи шартнома мувофиқат мекунад, Лоиҳа молҳоро қабул мекунад.